--- Гуфт: Шумо чӣ?
+++Гуфтам: Зи ғамат сӯхт дилам,
--- Гуфт: Ба мо чӣ?
+++Гуфтам: Чӣ шавад ҳосили ман?
--- Гуфт: Надонам.
+++Гуфтам: Ба сарам даст бинеҳ,
---Гуфт, ки: По чӣ?
+++Гуфтам: Диҳамат ҷавҳари ҷон?
--- Гуфт: Чӣ даркор?
+++Гуфтам, ки: Бале гуй маро . ---Гуфт: Бало чӣ?
+++Гуфтам: Чӣ кунам шод шавӣ?
---Гуфт, ки: Фарёд!
+++Гуфтам, ки: Санохони туам, ---Гуфт: Дуо чӣ?
+++Гуфтам: Кӣ барад дил зи барам?
--- Гуфт, ки: Чашмам.
+++Гуфтам: Ҳазаре нест туро, ---Гуфт: Ибо чӣ?
+++Гуфтам: Набувад раҳм туро? ---Гуфт: Чӣ донӣ?
+++Гуфтам, ки: Ту куштӣ ҳамаро,
---Гуфт: Туро чи?
+++Гуфтам: Чӣ диҳам бӯса диҳӣ?
--- Гуфт, ки «Ҷон деҳ».
+++Гуфтам: Бикуш имрӯз маро, ---Гуфт: Паго(ҳ) чӣ?
+++Гуфтам: Ки бувад ошиқи ту? ---Гуфт,ки: Саҳбо,
+++Гуфтам, ки: Чаро зулм кунӣ? ---Гуфт: Чаро чӣ?
САҲБО.
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1