Предыдущая публикация
Гиряд ба ҳоли зори ман девори каҳгилам.
Уқёнуси нигоҳи ман ғарқоби оҳ шуд,
Моҳии беҳавояму ҷуёи соҳилам.
Тахти муҳаббати маро бингар шикастаанд,
Бо шеваи маломату санги мафоилам.
Сад боғи меҳри ӯ ба дил бунёд карда, лек.
Имруз дар канори ӯ бе бору ҳосилам.
Устоди ишқ будаму ҳарфе наёфтам,
Ҳарчанд дар сифоти ишқ дур аз таъомилам.
Дардо такид суфраи меҳраш барои кӣ?
Панде маро навишта рафт он ёри хушгилам.
Ман нақши дилбаронаи уро ба сад ҳавас,
Овехтаам ба сад гунаҳ дар хонаи дилам.
Ман кулбаи висолро кардам ба меҳр рост,
Дар боргоҳи синааш шамъи фазоилам.
Пайдоваро ба ҷуз ишқ дар дил чӣ дори гуй?
Як нозбуйи гулқабо африштаи дилам.
Шараф Пайдовар Умарзода
21.12.2024.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев