Предыдущая публикация
####################
Фарёд, ки дар олами таҳқиқ касе нест
Як хонаи анқост, ки дар он ҷо магасе нест
Бо ақл чи ҷӯшем, ки, ҷуз ваҳм надорад
Аз ишқ, чи лофем, ки беш аз ҳавасе нест
Гар дил битапад, ғайри нафас кист рафиқаш
В-ар чашм парад, ҷуз мижа умеди хасе нест
Ҳайрат зи рафиқони сафаркарда чи ҷӯед
Дидем, ки рафтанду садои ҷарасе нест
Бар ваъдаи дидор, ки фардост ҳисобаш
Имрӯз чи нолем нафас ҳамнафасе нест
Эй кош, даме чанд гирифтор тавон зист
Аммо чӣ тавон кард, ки дому қафасе нест
Бар бекасии қоғази оташзада раҳме
К-ин қофиларо ғайри адам пешу пасе нест
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев