Предыдущая публикация
Ҳар замон ҳамхона бо ғамҳо шуди ёдам бикун.
Равшаниҳоят ки ҳеҷ, аммо агар рӯзе азиз,
Хаста аз торикиву шабҳо шуди ёдам бикун.
Ман ки имшаб меравам фардо дигар пешат наям,
Гар шабе дар ҳасрати фардо шуди ёдам бикун.
Монда дар гӯшам, ки гуфти кулли дунёят шудам,
Ҳар замон безор аз ин дунё шуди ёдам бикун.
Пеши у ҳоло нишасти гар замоне ҳамчу ман,
Гуфт азизи дил аҷаб зебо шуди ёдам бикун.
Бусаҳоям рафта таъмаш аз лабат, аммо агар,
Бӯсае зад, маст аз лабҳо шуди ёдам бикун.
Мурдаам аз дурият ҳоло ба хокам хуфтаам
Гар ту рӯзе обири инҷо шуди ёдам бикун.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
~~~Дид ранги ман табибу дар бари ман ҷо гирифт.
~~~Ёри бепарвои ман аз ман хабардори накард.
~~~Рафт ӯ бо дигарҳо соғару мино гирифт.