Барои чи баъзе аз фарзандон волидонашонро бо нидои "кампиру-муйсафед ба забон мегиранд???
Модароне, ки замони ба дунё овардани мову шумо чи азоби сангинеро пушти сар карданд...
Модароне, ки шабҳои дароз ба хотири хобрафтани мову шумо хоб намерафтанд...
Модароне, ки вақте мову шумо мариз мешудем дардаш дар вуҷуди Модар зиёдтар буд...
Модароне, ки дар хурок нахурдани мову шумо ғамгин мешуданд...
Модароне, ки ба чи азобҳо мову шуморо бавоя расонданду аммо мову шумо имрӯз уро кампир мегӯем...
Падароне, ки луқмаи худро нахурда ба мову шумо медоданд...
Падароне, ки доим дар ташвиши мову шумо буданд...
Падароне, ки доим аз фалон чиз надорам вақте мегуфтем ба худашон не аввал ба мову шумо мегирифтанд...
Падароне, ки тамоми қаҳру нози мову шуморо мебардоштанд пир шуданд барои мову шумо муйсафед шуданд???
Ман намедонам фарзандон ба чи хотир волидонашонро ба муйсафеду кампир садо мезананд, лекин вақто ки мо Падар ë Модарамонро муйсафеду кампир мегӯем алакай волидон дар дил эҳсоси нотавонию нороҳатӣ пайдо мекунанд...
Ҳамин волидон шояд эҳсосе ë фикре кунанд ки фарзанди мо аз мо безор аст, (шояд чунин ҳам бошад) ë даҳҳо розҳо дар дилҳояшон пайдо мешавад ки ба шумо ҳеҷгоҳ намегӯянд...
Умуман рӯҳ шикастаашон мекунад ин калимаҳои ноҷо...
Бояд фарзандон аз ҳамон сарҳади фарзанд будан дар назди волидон нагузаранд...
Гуфтану қиëс кардани некиҳои волидон корест воқеанҳам душвору сангин барои ҳамин моро зарур аст дар ҳаëт буданашон на инки кампиру муйсафед, балки бо нидои
МОДАРҶОНУ ПАДАРҶОН гӯëн доим дар хизматашон бошем ва илло рузе аз дунë мераванд афсӯс мехурем ки кош забонам лол мешуду пиру кампир садояшон намекардам, ки он руз аллакай фурсатҳо аз даст рафтаанд...
Ба қадри ПАДАР ва МОДАР бояд имрӯз бирасем шояд фардо дер шавад...
Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев