менамоянд.
Ба чашмам чун ду ахтар
менамоянд.
Муборак бошад ин тую
тамошо.
Маху хуршеди анвар
менамоянд.
Гулу булбул дар ин боги
мусаффо.
Ба ахди хеш бовар
менамоянд.
Кабои сабзи ранго ранг дар
бар.
Ба чашмам чун кабутар
менамоянд.
Ба ишқу ошиқӣ афсона
бошед,
Яке шамъу яке парвона
бошед.
Худо хушбахт гардонад
шуморо,
Ки умре ҳамдилу ҳамхона
бошед.
Эй хушо,имрӯзу фардо
чеҳраи шод зинда бод,
Доимо ободии келину домод
зинда бод.
Эй хушо, обод гардад ин
хонаи бахту умед,
Хонаи бахту умед шоду обод
зинда бод.
Илоҳо то ҷаҳон бошад,шумо
бошед,
Замину осмон бошад,шумо
бошед.
Шумо ду шохи гул,ду
навниҳолед,
Шумо ду қатраи оби зулолед.
Аз ин рузу аз ин соат аз ин
дам,
Барои ҳамдигар ҳаққу
ҳалолед.
Ду дил, ки яке қарору
тасмим
кунанд,
Як бахту ду насибаро тақсим
кунанд.
Аз ғояти сарфарозӣ ба пиру
ҷавон,
Бархоставу ба лутф таъзим
кунанд.
****
Эй азизон ба шумо туй
муборак бошад,
Бандаи бахт дар ин куй
муборак бошад.
Ба ҳама туякиён, ба
ҳама хешу табор,
Ваҳдати ду гули
хушбуй муборак
бошад.
Қадди домод чу
шамшод ба паҳлуи
арус,
Ба вай ин сарви
суманруй муборак
бошад.
Сухани гуфтаи мо
туҳфаи туёнаи мост,
Сухани тутии хушгуй
муборак бошад!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев