Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
"Дуьо ва Сабр шуморо ба хар он чи ки шумо интизор доред мерасонад" ❤️❤️
1 комментарий
10 классов
Агар Худо диҳад.....
Хикояи воқеӣ
Дар як деҳи дурдаст оилае буд хеле камбизоат. Зану шавҳар одамони хоксору оддӣ.Се нафар фарзанд доштанд.Он солҳо мардум кам-кам ба Россия барои мардикорӣ мерафтанд. Зану шавҳар маслиҳат карда, ниҳоят ба хулосае омаданд, ки бояд мард ба Русия барои мардикорӣ равад. Ҳамин хел ҳам шуд.
Дониёр як пагоҳӣ бо зану фарзандонаш хайрухуш карду тавакал ба Худо гуфта, ҳамроҳи ду-се нафар ҳамдеҳагонаш ба сафар баромад. Бо чӣ азобҳое ба шахри Волгоград бо қатора омада расиданд. Чанд рӯз сарсону гуруснаю ташна гаштанд. Ҳар кадоме аз ҳамроҳон дар куҷое ягон коре ефт мешуд, он чо мемонд. Дониёр низ рӯзе дар бозор бо як марди тоҷири озарӣ шинос шуд ва он мард ӯро ба кор гирифт. Бор мекашонд барои ӯ. Озарӣ
маоши ночизе медод. Лекин ба ҳамин ҳам шукр карда, Дониёр он ҷо кор мекард. Ҷои хобаш "склад"-и ҳамон марди озарӣ буд. Ӯ бегоҳ дарро аз болои Дониёр қулф карда мерафту саҳарӣ барвақт омада, дарро мекушод. Ҳамин тавр қариб якуним сол кор карда 1000 доллар ҷамъ кард ва ба хона баргаштанӣ шуд. Дигар тоқаташ намонда буд. Ҳам вазъи саломатиаш бад шуда буд, ҳам хеле зану фарзандонашро пазмон шуда буд.
Бо қатора ба Самарқанд омад. Вақти аз гумрук гузаштан ҳамаи пулҳояш ва курткаи нави танашро ҳар баҳонаро пеш оварда, кашида гирифтанд. Ҳаво хеле хунук буд. Дониёр аз хунукӣ меларзид. Яке аз он коргарони гумрук, ба фикрам раҳмдилтар буд, як курткаи куҳнаи чиркинро ки дар замин партофта шуда буд бардошта ба Дониёр дароз кард то пӯшад. Дониёр дигар илоҷ надошт. Курткаи пури чангро шиппонду пушиду бо дили пур аз дарду алам роҳашро давом дод. Ӯ харакат мекард, ки дертар ба хона расад, то торикӣ фаро расаду касе аз хамдехагонаш уро дар ин ҳол набинанд. Нисфи шаб дари ҳавлиашро тақ-тақ кард. Завҷааш аз дарун кӣ гӯён садо кард ва бо шунидани овози шавҳараш парвоз карда, рафта дарвозаро кушод. Дониёр ба хона даромад. Кӯдаконаш хобида буданд. Ҳамаи воқеаи аз сар гузарондаашро ба ҳамсараш нақл кард. Ҳарду хеле гиристанд. Баъд занаш ӯро ором карда, гуфт: Худатон зиндаю саломат баргаштед шуд. Ҳамон бузи дар оғил бударо пагох мефурушем ва меҳмонҳои ба дидорбинӣ меомадаро мегуселонем. Баъд боз ягон илоҷи зиндагиамонро меёбем. Курткаи чиркинро хозир ман мешуям, то пагоҳ дар назди печка хушк мешавад. Дониёри дар роҳ куфташуда дар рӯйи ҷогаҳ дароз кашид. Завҷааш бошад бо оби гарми дар рӯйи печкабуда ба шустани куртка сар кард. Ҳар боре, ки курткаро дудаста гичим мекард зери дастош чизе шириқ-шириқ мекард. Ҳайрон шуда куки як тарафи курткаро канд ва воҳ гӯён садо баровард. Ба чашмонаш бовар намекард. Дар ҳар қабати куки куртка 100 доллари печонда духта шуда буд.У Дониёрро бедор кард. Ҳарду аз шодӣ намедонистанд чи кор кунанд.Худои мехрубон ғами мо камбағалонро хурдааст гӯен садҳо маротиба шукргузорӣ карданд. Аз қабатхои куки курткаи кухна 5000 доллар баромада буд.Пагоҳӣ рафта, харид карда омада, хамаи деҳаро ош доданд.
1 комментарий
32 класса
Дустон мушкили давру замон мегузарад,
Зиндагони ба ҳаму суду зиен мегузарад.
Нафурушед зи ночори яке виҷдонро,
Рӯзи кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад.
Қиммати хеш бидонед натарсед зи нарх,
Давраи қимматии нархи гарон мегузарад.
Пок бимонед зи нопок наҷуед тамаъ,
Бе кулоҳи сар агар бошад ҳамон мегузарад.
Номи худ нек бимонед то нагардад бад,
К-он чу мерос зи мо бар писарон мегузарад.
Мерасад рӯзи хушу даври хуше бар одам,
Лек афсус ҳама одам зи ҷаҳон мегузарад.
💞💞💞💞💞💞💞
4 комментария
83 класса
Дилам сӯзад барои модари ҷон,
Барои модари дар хок пинҳон.
Барои он азизи чашм бар роҳ,
Хамоне,ки зи холам буд огоҳ.
Ҳамоне,ки намехобид то рӯз,
Ягона мехрубонам буду дилсуз.
Ба ҷои ҷони тифлаш ҷон медод,
Ҳама умри азизаш дода бар бод.
Ду чашмаш хира карда зиндагонӣ,
Куҷо монда нишони аз ҷавонӣ.
Агар хоре халад бар пои фарзанд,
Ҷудо мегашт ҷисмаш банд аз банд.
Вале мо лаҳзаи шодаш накардем,
Ба пои худ шудем,ёдаш накардем.
Дили нозуки ӯро об кардем,
Варо озурдаву нотоб кардем.
Надонистем,ки ҷояшро дар олам,
Намегирад дигар ҳеҷ зоти одам.
Илоҳо кабри ту пурнур бошад,
Имонат тозаву мастур бошад.
Ту бошӣ ҳамнишин бо растагорон,
Худо ҷоят кунад бо аҳли ризвон(?)
3 комментария
48 классов
Дуои истихора.
Аллоҳумма инни астахирука би илмик ва астақдирука би қудратик ва асалука би вазлика-лазим, фа иннака тақдирк ва ло ақдир ва таъламу ва ло аълам ва анта алому-лғуюуб.Аллоҳумма ин кунта таълам анна ҳаза-ламру хайрун ли фи дин ива маъоши ва оқибату амри фақдурҳули ва яссирҳу ли ва борик ли фиҳи. Ва ин кунта таълуму анна ҳаза-ламру шуррун ли фи дин ива маъоши ва оқибату амри фасрифҳу анни васрифни анҳу вақдурли аохайра ҳайсу кона сумма арзини биҳи.
Ай Парвардигор! Ба илми ту истихора мекунам ва ба қудрати ту тоқат металабам ва ба фазли бузургат металабам, зеро ту қодир ҳастӣ ва мо қодир нестем ва ту он чизе, ки медонӣ, мо намедонем, бешак аз илми ғайб ту хуб огоҳ ҳастӣ.
Ай Парвардигор! Агар ту медонӣ , ки ин кор аз барои ман дар зиндагии дунё ва охират ва оқибати корам беҳтар аст, пас муқаддар ва осон бигардон ин корро аз бароям ва баракат ато фармо дар ин корам. Агар медонӣ, ки ин кор дар зиндагии дунё ва охират ва оқибати корам хуб нест , пас ин корро аз ман дур кун ва маро низ аз ин кор дур кун ва он чизе, ки аз бароям беҳтар аст, онро барои ман муяссар бигардон ва маро розӣ кун.
"Дуст гуфт"? Сабр кун, зеро-к сабр кори ту зуд кунад.
Оби рафта ба чуй боз ояд, корхо бех аз он, ки буд кунад.
Гуфтам аз оби рафта боз ояд
Мохии мурдаро чи суд кунад.
1 комментарий
38 классов
ХИКОЯТ
Овардаанд, ки рузе як мачуси ба дари хонаи Иброхими Халилуллох ( а) омад, ки шаб дар он чо мехмон шавад. Халилуллох (а) гуфт: Ту мачуси ва аз дин бегона, хар гох тарки дини мачуси карда, мусалмон шави, ман туро мехмон кунам. Мачуси ин суханро шунида, маркаби худро гардонида ба рохи дигар рафт. Дархол вахйи Илохи нозил шуд, ки ё Иброхим, агар он мачусиро мехмон мекарди, дини мачусии он ба ту чи зарар дошт? Муддати хафтод сол аст, ки ман уро таъом ва шароб медихам, ягон бор нагуфтаам, ки аз дини мачуси баргардад. Хазрати Иброхим ( а ) аз Вочиби Таъоло ин хитоби итобомезро шунида, аз акиби он мачуси давида, уро ёфт. Гуфт:Эй мехмон, баргард, ки туро мехмондори кунам. Мачуси гуфт: Во ачабо, хозир маро аз хонаи худ ронди, акнун ба талаби ман аз рохи дур пиёда омада мегуи, ки мехмондории туро мекунам. Иброхим ( а ) гуфтанд, ки аз барои рондани ту Аллох Таъоло ба ман итоб кард, бинобар он ба талаби ту омадам. Мачуси худро аз болои маркаб партофта гуфт:
Зихи Худои мехрубони бехамто, ки аз барои душмане, ба дусти худ итоб куни. Дархол, калимаи Шаходатро гуфта мусалмон шуд.(?)