Дар зиндагии одами бе хешу табору дуст зиндаги кардан номумкин аст. Марду зан дар зиндагии оилави дар тую маъракаю гаму андухашон, аввал хешу таборро даъват менамоянд. Аммо тавре дар зиндагии имруз мушохида менамоем, кисми зиёди занхо токати пазироии хешу табори шавхарро надоранд. Аммо, агар хеши худи зан ба хона биёяд, аз хурсанди болу пар бароварда, тамоми буду шудашро сари дастархон оварда бо чехраи хандон мехмондориаш мекунад. Чаро? Ба ин назарпурсии мо шахрвандони пойтахт, бахусус занхо чунин посух доданд.Сафармо Файзиева, хонанишин
-Рости , ба ин суоли шумо хайронам , ки чи чавоб дихам. Агар гуям, ки хеши шавхарамро дуст медорам, дуруг мешавад. Агар гуям, ки чашми дидан надорам, пас айб аст. Ман хамин кадар гуфта метавонам, ки ягон зан хеши шавхарашро хуш надорад.
Саидхоља Саид, аграном
-Ман њам борњо дарк кардам, ки занам он кадар ба хешу таборони ман руйи хуш намедихад. Аммо агар ягон хеши дури худаш биёяд, даррав дастархон партофта оши палав мепазад. Барои хешони ман бошад, кошу кавок карда мегуяд, ки рафта харид кун. Шояд ин аз азал ба чинси зан хос бошад.
Насиба Файзуллоева, варзишгар
-Ман баъди шавхар кардан дар хонаи алохида зиндаги кардам. Аммо агар аз хар ду тараф хешу табор биёяд, ман як хел муносибат мекунам. Ягон хел фаркият байнашон намегузорам.
Садорат Исмоилова, муаллима
-Зани хубу солеха ин хел рафтор намекунад. Аммо баъзе вактхо хешони шавхарам баъди ба мехмони омадан моххо истода фикр намекунанд, ки дар ин давру замон нонёби мушкил шудаги, охир шавхари ман бо маоши ронандагиаш аз кучо меёбад. Хешони худам ку як соат мешинанду мераванд. Агар хешони шавхарам хам хамин хел бофикр бошанд, бо чону дил кабулашон мекунам.
Фируза Карим, духтури занона
-Хозир замоне расида, ки хар кас бояд пеш аз ба хонаи касе мехмони рафтан хуб фикр кунад, ки чи кадар он љо бимонад. Масалан, ману шавхарам сахт серкорем. Агар ба чое мехмони равем, аввал зангашон мезанем. Нохост намеравем. Хешони шавхарам мисли хешони худам боаклу бофахманд.
Навруз Амирї, бонкир
-Ман чунин андеша надорам. Чунки зани ман хамеша чехрааш хандон асту хешони маро хеле хуб кабул мекунад.
Зарина Сабури, хамшираи шафкат
-Хеши мард агар биёяду бомаданият бошад, пас хуб аст. Аммо хохарони шавхари ман ба мехмони меоянду як мохи дароз гелида дар хонаи ман хоб мераванд. Аз чунин мехмон безорам. Хохарони худам бошанд як соата омада бо дасти пур маро хабар мегиранд.
Сарвиноз Азимова, муффатиш
-Ман ба ин андеша розиам. Хешони шавхар хамеша дарди саранд.
Умари Назар, коргардон
-Хеши зан хамеша кайла мехурад. Ин аз азал буд. Аммо ин тавр рафтор кардани зан ба худи шавхар вобаста аст. Агар мард сустирода бошад, занаш калони карда бо хешони у хамин тавр рафтор мекунад.
Файзуллои Саидхоља, точир
-Бо чунин зани хешчудокун як соат хам зиндаги намекунам. Аммо гоххо баъзе чиянхоям баъди ба мехмони омадан дар таги гилем нос туф карда таъби маро ранчур мегардонанд. Аз чунин мехмон худам хам безорам.
Мухиддин Мусо, мухочир
-Ин гап хак асту рост аст.Зани ман хамин ки омадани бародар ё ягон апаву хохари маро фахмад, зуд бемор мешавад. Сараш дард мекунад. Аммо, агар хешони худаш биёяд, пешаки дастархон партофта тайёри мебинад.
Зулхумор Азизова, рузноманигор
-Ман рости гап мехмонро дуст намедорам. Чунки дар хобгох бо шавхарам зиндаги мекунам. Ва хешони худаму шавхарам ин холати моро дида ба мехмони намеоянд.
Мадина Уразова, фурушанда
-Хешони шавхарам одамони хубанд. Дар як сол хамаги ду маротиба ба мехмони меоянд. Агар ба ягон маърака даъват намоям, бо ду дасти пур меоянд.
Шумо чи андеша доред хонандахои сахифаи ман?
Шахлои Начмиддин
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев