Қиссаи воқеӣ
Е раб ба авфат ба паноҳ омадаам,
Сар то ба қадам гарқи гуноҳ омадаам.
Чашме ба карам бибахш, ки аз фитнаи нафс,
Бе дида ба умеди нигоҳ омадаам.
Рузҳои хеле вазнини ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ман дар вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекардам. Вазъи зиндагии мардум аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле баъд буд. Хусусан ҷойҳое, ки дар қисмати даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ қарор доштанд, ба оддитарин васоили зиндагӣ ниез доштанд. Ҳар руз садҳо занони ниезманд дари Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мекубиданд. Вазъи молии Кумитаи занон низ дар ин давра чандон хуб набуд, вале мо кушиш менамудем, ки ягон зан -модар аз ин даргоҳ ноумед наравад, гарчанде корхонаи мо хайриявӣ набуд.
Субҳи кории ман аз соати ҳафт огоз мегардид . Чун ҳар вақта пеш аз омадани коргарон ҳуҷҷатҳою мактубҳои воридшуда ва рузномаҳою маҷаллаҳоро аз назар мегузаронидам.
Яке аз рузҳои муқарарии кориам буд, ки дари утоқи корӣ кушода шуду як марди фарбеҳ бо муйҳои мошу биринҷгашта ва шиками барҷаста, бидуни иҷозат вориди дафтари кориам шуд. Чун назди мизи корӣ расид, баробари салом гуфтан шиносномаи кории худро бо виқор ба суям дароз намуд. Ман аз ҷой бархостаму ишораи нишастан намудам. Сипас ба шиноснома назар кардам, ревизори........
- Хуш омадед, бародари азиз. Корро аз куҷо огоз менамоед? Айни замон Кумитаи кор бо занон ва оила ба ҷузъ буҷаи маоши кормандон маблаги дигаре дар ихтиёри худ надорад, - гуфтам ба ӯ.
- Хеле хуб, биёед аввал ба утоқи кории сармуҳосиб бидуни огоҳӣ равем, ҳамон ҷо мегуям корро аз куҷо оғоз мекунам.
- Мушкиле нест меравем.
Ҳарду ба утоқи кории муҳосиб ворид гардидем. Муҳосиб акнун ба кор шурӯъ карда буд. Аз он ки субҳ ман бо ин марди ношинос вориди дафтари корӣ гаштам, зан каме дасту по гум карда, бо саросемагӣ аз ҷой бархоста, моро хушомадед гуфт ва ишора ба нишастан кард. Коргоҳи мо дар бинои қаблии Хизмати маишии шаҳр ҷой гирифта буд. Аз ин рӯ дар утоқи кории ман ва муҳосиб (сейф) говсандуқҳои бузурги дудара, ки аз корхонаи қаблӣ монда буд, меистоданд ва мо барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо истифода мебурдем.
Дар он вақт буҷаи якмоҳаи Кумита танҳо панҷ ҳазор рубли русиро ташкил медод. Ростӣ маоши коргаронамон ҳатто ба роҳкирояшон намерасид. Азбаскӣ фазои коллектив дӯстона буд, ҳама хушбахту хушҳол ба кор меомаданду ба умеди фардои дурахшон якдилона кор мекардем.
Хулоса ревизорро ба муҳосиб шиносонидам, вай як саломи ҳавобаландона доду тез чашмаш ба ҳамон (сейф) говсандуқи паҳлуи мизи кории муҳосиб афтида, талаб кард, ки зуд онро кушояд. Муҳаббат чунин ном дошт муҳосиб бо оромӣ дари сейфро кушоду марҳамат гуфта, худаш ду қадам аз сейф дур истод. Дар даруни он ҳуҷҷатҳои ҳисобу китоби муҳосиб меистод. Дар қисмати дувумаш руйхати ятимдухтарони гирандаи стипендия, ведомостҳо ва каме маблаг буд. Ревизор маблагҳоро шумурду онро боз ба ҷояш гузошта дарашро муҳр зад. Сипас амр кард, ки ин мизи кориро дар ихтиёри ӯ гузорем, то ба кор шурӯъ намояд. Вай варақаи сафариашро аз портфели боҳашаматаш бароварда пешниҳод намуда гуфт, ки барои як моҳ роҳхат дорад ва бояд худаш танҳо дар ин утоқ нишаста, санҷиш гузаронад. Ман ба ӯ гуфтам, ки ду ҳафта пеш фаъолияти молии корхона аз ҷониби корманди андоз санҷиш гузаронида шудааст. Мо нусхаи акти санҷишро дорем метавонед шинос шавед шояд ҳоҷат ба санҷиши якмоҳа набошад.
- Мебахшед , ман роҳбар дорам ва тасмими чанд моҳ санҷиш гузарониданамро он кас муайян мекунанд на шумо - гуфт ғазаболуд ба ҳар дуйи мо.
Хуб чи қадаре хоҳед нишастан гиред, вале ман гуфтанӣ, ки вақтатонро беҳуда зоеъ накунед, зеро буҷаи мо он қадар хурд аст, ки барои санҷиши он шояд як рӯз кифоя бошад гуфт бо мулоиматӣ Муҳаббат.
- Пуламон нест мегуеду дар сейфатон ҳафт ҳазор сомониро нигоҳ доштаед ҳа?
- ман ба у фаҳмонидам, ки ин маблағ стипендияи ятимдухтарон мебошад, ки аз ҳисоби Барномаи давлатӣ барои донишҷуени ятим, ки тибқи квота дохил шудаанд ҷудо шудааст. Ин маблағро ди руз гирифтаем ва танҳо бо ду нафар фурсат шуд стипендия диҳем, боқимондаҳо бояд ҳам ин рузҳо омада гиранд.
- Пас эълон кунед, ки ревизия дорем ва то ба итмом расидани ревизия ба касе стипендия дода намешавад гуфт бо оҳанги амр ревизор.
- Муҳтарам ревизор, мо ҳуқуқ надорем як моҳ стипендияи донишҷуёнро на диҳем, охир онҳо бо ин пули ночиз сахт эҳтиеҷ доранд, зеро аксарияташон ятиманду аз оилаҳои бесарпаноҳ. Хешовандонашон низ имкони кумак кардан надоранд агар мо камтар кумак накунем хонданро тарк мекунанд гуфтам ба ревизор.
- Не намешавад, раиса. Ҳар кор қоидаю қонуни худро дорад, намешавад гуфтам вассаллом гуфт бо исрор ревизор.
Хуб дар ин хусус дар пушти дар эълон навишта мемонем.
Бо ҳамин ман гапро ду накарда, утоқи кории муҳосибро дар ихтиёраш гузоштаму акти қаблан санҷидашударо ба вай пешниҳод намудам.
Муҳаббат барои ревизор чой оварду ба утоқи дигар гузашт.
Ревизор айнакашро ба чашм гузошту ба хондани санади андоз шуруъ намуд. Вақти хуроки нисфирузӣ шуд ба назди ревизор даромадам ва уро ба хуроки нисфирузӣ даъват намудам. Ҳоло корамро ба итмом расонам баъд меравем гуфт сарашро аз хондан на бардошта. Дар наздикии корхонаи мо як ошхонаи парҳезӣ буд. Дар ин ҷо бисёр хурокҳои боллазати хонагӣ омода менамуданд. Гоҳҳо барои муштариени дер омада ҷои нишаст намерасид. Муҳаббат пештарак аз мо рафта барои ду нафар ҷой банд намуд. Ревизор дари утоқро баста берун шуд. Мо ҳарду ошхона рафтем. Ӯ марди хеле кам гапу дамдузд ба назар мерасид. Баъди аз ошхона баромадан вай хоҳиш намуд ки камтар бемории диабети қанд дорад аз ин ру рузҳои дигар ҳам ҳам ин ошхона хурокхурӣ оянд.
Вай ному насаби ревизори қаблиро пурсид. Ман гуфтамаш. Ҳа ман уро мешиносам дар нозироти андоз кор мекунад ва хело пуртаҷриба аст гуфт бо қаноатмандӣ.
Боз нимҷиддию нимшухӣ аз ман суол кард, ки баъди санҷиш ба ӯ чанд пул ришва додаам.
- Чизе на додаем, вай ҳам чизе талаб накард, - гуфтам ба ӯ.
- Боварам намеояд гуфт ревизор ва илова намуд чаро, ки ягон камбудӣ дар санадҳо дида намешавад.
Ростӣ ӯ омада дар давоми ду руз санҷишро ба итмом расонид, вале ман худам хоҳиш намудам, ки ҳуҷҷатҳои солҳои пешинро бисанҷад, то мо дилпурона ба идораи бойгонӣ супорем. Шояд аз сабаби кам будани буҷети Кумита пештар ин ҷо ревизорҳо наомада будаанд.
- марди тез коре будааст, дар давоми даҳ рӯз фаъолияти ҳаштсоларо санҷида санад тартиб додааст, офарин ба ӯ илова намуд ревизор.
- Бале инсони хуб ба назар мерасид. Ҳатто вақти рафтан ба муҳосибамон барои бехато ҳуҷҷатгузорӣ намуданаш офарин хонд.
- Аз чеҳраи гирифтааш маълум буд, ки ҷавоби ман ба ӯ писанд наомад ва е бовар накард. Ҳвмин тавр ревизор дар утоқи кории интихоб намудааш бисту панҷ рӯз нишаста ҳуҷҷатҳоро варақ мезад ману муҳосиб аз ҳисоби худамон ӯро зиефат медодем. Бовар кунед гоҳҳо қарз мекардем. Аз ин ру аз ӯ хоҳиш кардам, ки тезтарак акташро пешниҳод намояд, то фаҳмем дар ин буҷаи ночизи корхона чи гапу хабаре бошад, ки ҳеҷ не ин ревизор санҷишро ба итмом расонад. Зеро он замон вазъ он қадар хуб набуд. Донишҷуён бошанд ҳар руз барои стипендияашон меомаданд. Мо дигар илоҷ надоштем, калиди сейф бошад, дар дасти ревизор буд.
-Ревизор ба муҳосиб гуфтааст, ки санад тайер аст чун ҳақашро диҳем барои шиносоӣ онро руи мизи раиса мегузоштааст.
- . Охир мо ба гайр аз маошамон ягон манбаи даромад надорем, ки шуморо розӣ кунем, - гуфтааст муҳосиб ба ӯ.
- Ба инаш кори ман нест, дар боло аз ман талаб мекунанд, ман бояд дасти холӣ ба корхона наравам.
-Муҳаббат аз натиҷаи суҳбат ба ман хабар дод. Ман худ наздаш даромада вазъи моллии корхонаро бори дигар ба ӯ фаҳмонидам.
- Ако инсоф кунед, худ мебинед, ки аз саҳар то бегоҳ занҳои бечораву танҳо бо ашки чашм омада аз зиндагии бадашон шикоят мекунанд ва аз мо кумаку дастгирӣ мепурсанд. Баъзан мо пои пиеда ба хона меравем ва роҳкирои худро ба муҳтоҷон медиҳем то онҳо аз ин даргоҳ ноумед нараванд .
Ревизор як уф гуфту, дуди сигорашро дар фазои хона сар доду бо чашмҳои калон калонаш суи говсандуқ ишора намуд. Муҳаббат ба ишораи ӯ сарфаҳм рафта, - гуфт;
- Ако, ин маблаг ҳаққи сагир аст ва ман ҳуқуқи ба он даст задан надорам, чи хеле, ки худатон дидед ҳар руз донишҷудухтарон барои стипендияашон меоянд.
- Ба инаш кори ман нест. Вақте ман санадро ба роҳбарият пешниҳод мекунам онҳо бовар намекунанд, ки ман чизе нагирифта бошам. Боз дар ҳолате, ки дар гузориш ягон камбуди дарҷ накардаам.
- Ману Муҳаббат бо у баҳс накардем ва ба дигар утоқ гузаштем.
-Муҳаббат гуфт:
- Муаллимаҷон, ревизор маблағи стипендияи ятимдухтаронро талаб дорад. Ман ведомостҳои имзо шудаи моҳҳои гузаштаро ҳамчун асос нишон додам, аммо ӯ боз ҳам исрор дорад, ки он маблағро ба ӯ диҳем....
- Муҳаббат, илоҷи дигаре надорем, агар ӯ боз ҳамин хел истодан гирад, мо маҷбурем боз як моҳи дигар шиками уро сер кунем. Он маблағро ба ӯ деҳ, то корашро тезтар ҷамъбаст намуда раваду ранги шумашро дигар набинем гуфтам ба Муҳаббат оҳи сард кашида.
Барои он, ки дониҷудухтарон азоб накашанд, аз ҳисоби маблағи қарздиҳии Барномаи давлатӣ стипендияи донишҷуенро дар моҳи оянда якҷоя диҳед. Баъдан ин маблағро аз ҳисоби ману худат ҳар моҳ ба қарзи барнома бармегардонем. Бе ин ҳам мо дар ин рузҳои вазнин маошамонро ба занони муҳтоҷ садақа медиҳему аз ҳисоби шавҳаронамон зиндагӣ мекунем. Бие маблагро дода, ҷазои ревизорро ба Худованди кариму меҳрубон месупорем.
Ревизор сейфи печатзадаашро кушода, он маблағро гирифта ба ҷузвдонаш гузошту калидро ба Муҳаббат дод ва хушҳолона баромада рафт. Ӯ ваъда дод, ки баъди ду рӯз санади санҷидашударо тозанавис намуда ҳатман як нусхаашро барои шиносоӣ ва имзо ба мо пешниҳод мекунад. Ману муҳосиб маоши худро чанд моҳ ба барнома гузоштему дар ин хусус ба касе чизе нагуфтем. Аз беинсофии он мард, ки заррае раҳм накарда ҳаққи ятимонро хушҳолона ба ҷайбаш зада буд, нафратамон омад.
Рӯзи ҷумъаро рӯзи қабули шаҳрвандон муқаррар карда будам ва занҳои кор афтода, бо навбат наздам медаромаданд. Рӯзе як зан бо наздам нишаста гиря мекард, ки шавҳараш уро бо ду кудаки хурдсол тарк кардааст ва кудаконашро нигоҳубин намекунад. Ҳуқуқшинос ӯро ором намуда, ҳар ду роҳи ҳалли мушкилотро меандешидем. Котиба иҷозат пурсида, хабар дод, ки як мард омадааст ва мехоҳад бе навбат наздатон дарояд, зеро вақташ кам будааст. Ман аз ҳуқуқшинос хоҳиш намудам, ки ин занро ба дафтари кории худаш бараду роҳи ҳалли оштии онҳоро бо шавҳараш ебад.
Марде, ки вориди дафтари кории ман шуд, яке аз дӯстони хонаводагии мо буд, айни замон як тоҷири муваффақ гардида буд. Хайр бошад, Сайфулло? Кадом шамол шуморо ин тараф овард? Хонвода ҳама хубанд?
Хавотир нашавед Раиса, ҳама тинҷист, ба як нияти хайр омадам. Ба қарибӣ корҳоям каме барор гирифт, ният кардам аз фоидааш ба ниёзмандон кумак кунам. Чи мешавад, ки ин корро тавассути Кумитаи занон анҷом диҳам, зеро оилаҳои ниёзманд бештар ба шумо муроҷиат мекунанд.
- Ин тасмиматон дар ин рӯзҳои вазнини ҷумҳурӣ хело бо маврид аст. Дар ҳақиқат занҳои ятим дошта хело зиёд ба мо муроҷиат менамоянд.
Сайфулло якчанд бастаи маблағро рӯи мизи кориам гузошту як бастаи дигарро суи ман дароз намуда: _ ин тӯҳфа ба худи шумо, ба хотири ба вазифаи нав таин шуданатон. Аз серкорӣ натавонистам сари вақт ба табрикатон биёям. Инро ба ҷойи як даста гул аз ман қабул намоед. Боқимондаи маблагро ба оилаҳои камбизоату ятимон кумак кунед. Ман на медонистам, ки ин пулҳоро рад кунам ё бигирам. Дар ҳолати карахтӣ қарор доштам, зеро ҳар руз ба идораи мо муштариен танҳо барои кумак пурсиданд меомаданд бо гиряву нола дилам онро об мекарданд ,вале ин аввалин касе буд, ки дасти саховат дароз карда буд. Раиса бубахшед, дигар вақтатонро намегирам саросемаам агар мушкилие пеш омад барои кумак омодаам гуфту бо ҳамин хайрухуш карда баромада рафт.
Ман ҳамон замон муҳосибро даъват намуда, бастаи пули хайрияро ба дасташ дода, супориш додам, ки яке ашро ба қарзи гирифта гузорад ва боқимондаашро барои кудакони ятим либос харид намояд. Сармуҳосиб пурсид, ки ревир маблағҳоро баргардонд?
- Не барнагардонид Худованд худаш ҷуброн кард, то ману ту шаш моҳи дигар бе маош кор накунем. Аз рафтани ревизор ду моҳ гузашт вале аз ӯ ва санади ваъдагиаш дараке набуд. Бо телефони кориаш чанд бор занг задам, ҳамкоронаш мегуфтанд, ки вай дар ҷои кор нест. Бо ҳамин ду моҳ гузашту аз акти ваъдагии ревизор дараке набуд.
Як бегоҳӣ баъд аз тамом шудани рузи корӣ дар корхона будам, ногоҳ посбон занг зада гуфт, ки як нафар иҷозати наздатон даромадан дорад гузорам ё не?
- Монед дарояд ман ҳануз дар корам.
- Баъди чанд дақиқа як марди лоғарандоми рангпаридаю хеле хаста, қадамҳояшро аз замин бардошта, бо чеҳраи мисли заъфарон зард, вориди дафтари корам шуд. Ҳоли бадашро дида, дилам сӯхту аз курсӣ баланд шудаму наздиктар рафта гуфтам:
- Амакҷон, бемор будаед, аз ҳамон поён бо телефон мегуфтед, ман худам наздатон меомадам, заҳмат кашида то ошенаи дуюм намебаромадед.
Курсиро барояш омода сохта, даъват ба нишастан намудам. Ягон кори заруратон буд, ки бо ин ҳол саргардон шуда омадед? - пурсидам аз ӯ.
-Бале, раиса ба фикрам шумо маро нашинохтед. Ман бояд се моҳ пеш меомадам, вале дар беморхона бистарӣ будам, имкони омадан надоштам. Чун аз беморхона баромадам, ба худ гуфтам:–аввалин коре, ки анҷом диҳам ин шинос намудани шумо ба санади санҷиш бояд бошад. Росташ, ҳанузам ҳолам чандон хуб нест. Ман аз ҳамон рӯзҳои санҷиш медонистам, ки шумо то бегоҳ нишаста кор мекунед, бинобарин бегоҳӣ баъди тамом шудани рӯзи корӣ хостам наздатон биеям, то роҳаттар суҳбат кунем.
-Ман ҳамон ревизорам, ки охири баҳор дар корхонаи шумо санҷиш гузаронида будам.
–Эҳ, Шарифако, зинда бошед, чӣ шуд ба шумо? Чаро рангатон зарду логар шудаед, магар бемориатон ин қадар ҷиддӣ буд?
Ман баъди аз корхонаи шумо рафтан гузоришу санадро сари вақт омода карда, барои имзо дар назди сардор гузошта будам. Фардояш савғо харида ба деҳа хабаргирии набераҳоям рафтам. Шаб ногоҳ бемор шудам, қандам хело боло рафт. Ёрии таъҷилӣ омада маро ба беморхонаи ноҳия бурд ва дигар чизеро дар ед надорам. Чанд муддат дар ҳолати беҳушӣ, яъне ба кома рафта будам. Чизеро намедидаму намешунидам. Баъди ба худ омадан, фаҳмидам, ки дар бахши эҳегарии беморхона хобидаам. Зиеда аз ду моҳ дар беморхонаи ноҳияву марказ табобат мегирифтам, вале саломатии ҳеҷ не ки хуб шавад. Дар ин мудат худ аз худ дандонҳоям рехтанд.Бист килло вазнамро партофта ниҳоят лоғар шудам. Акнун каме беҳтар шудаму гуфтам, ки ҳуҷҷатҳои идораро супораму хотирҷамъ шуда, бо сабаби беморӣ ариза пешниҳод намуда, ба нафақа бароям.
– сад афсус, акои Шариф, охир ин гуна мутахассиси кордону сахтгирро корхонаатон аз куҷо меёбад. Воқеан хеле логар шудаед, агар тасодуфан дар кӯча бо шумо вомехурдам, шояд нашинохта, салом надода, гузашта мерафтам, - гуфтам ба ӯ.
Ӯ варақҳои санади ревизияро бо дастони логару ларзонаш ба ман дароз кард ва ман имзо гузоштам. Сипас нолишкунон аз ҷой бархоста, ба ман хайрухуш намуд.. Вақте, ки аз дасташ гирифта, барои аз зинапояҳо фаромадан кумакаш менамудам, хиҷолатомез аз ман узр пурсида, гуфт:–раиса, маро бубахшед барои маблаги ятимон зиедаравӣ карда, талаб карданам дар наздатон хиҷолату шармандаам. Акнун худам ҳам фаҳмидам, ки корам нодуруст будааст. Бинед насиб накард ба чи ҳоле гирифтор шудам, хело азоб кашидам. Дучанд они он маблагро барои саломатиам харҷ намудам, аммо ҳеҷ не, ки беҳтар шавам.
Ҳеҷ гап не, гоҳо одам худ нафаҳмида хато мекунад, Худо бахшояндаю бузург аст, мебахшад, ҳамааш мегузарад, боз солиму хуб мешавед - гуфтам ӯро дилбардорӣ намуда.
Ман ба ронанда фармудам, ӯро то ҷойи даркорӣ бурда расонад. Худ аз ҳавлии корхона аз пушташ то гоиб шудан нигаристаму ба адолати Илоҳӣ ва ҷазои додгоҳи ӯ ифтихор намуда зери лаб гуфтам: – ҳеҷ хатою ҳеҷ гуноҳе аз чашми Худованди ҳамадону ҳамабин пинҳон намемондааст...
Ин охирон дидорбинии ман бо ревизори баднафс буд. Баъди як моҳ хабари вафоти ӯро шунидаму ба худ яқин намудам, ки ҳаққи ятим ба ревизор насиб накард..
Латофат Насриддинова
Собиқ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Собиқ муовини Вазири маориф
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев