чист? Маълумот дар бораи ДУЗАХ
Дар васфи дӯзах, дузах чист? Дузах аз чанд қисм ва аз чанд дар иборат аст?
➖ Рӯзе ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) аз Ҷабраил а. дар бораи Дӯзах пурсон шуданд.
— Ҷабраил (а) гуфт:
— Дӯзахи аввалин, ки номаш Ҳовия мебошад, аз оташ офарида шудааст. Калониаш панҷ ҳазор сандуқ, дар ҳар сандуқ ҳазор хел азоб аст. Агар аз он дӯзах сӯрохие мисли сӯрохии сӯзан кушода шавад бас аст барои сӯзондани ин дунё. Ин дӯзах барои Бенамозон, Рӯза надоштагон, аҳкоми шариатро ба ҷо наовардагон аст.
[Паноҳ ба Аллоҳ]
— Дӯзахи дуввум, Лазо ном дошта аз ғазаби Аллоҳ офарида шудааст. Ин дӯзах чорсад сола роҳ аст. Ин Дӯзах пур аз Ҷинну Каждум буда, агар Заҳри он ба одам таъсир кунад, дардаш то Киёмат паст нахоҳад шуд ва агар заррае ба дунё афтад дар руйи замин ҳеҷ ҷунбандае нахоҳад монд. Ин Дӯзах макони такаббурон, золимон, дилозорони ятиму фақиру бечорагон, подшоҳону муфтию қозиёни бе адолат мебошад.
[Паноҳ ба Аллоҳ]
— Дӯзахи сеюмин, Сақар ном дорад. Андарунаш се ҳазор чоҳ пур аз наҷосат ва риму хун аст. Агар порае аз наҷосат ба ин дунё афтад, аз бадбӯи он ҳеҷ ҷонзоде зинда нахоҳад монд. Ин дӯзах макони Сарватмандони закот надода, ба беваву ятимон, хайру эҳсон накардагон, ба шаробу зинову фаҳш машғул будагон мебошад.
[Паноҳ ба Аллоҳ]
— Дӯзахи чорумро, Саъир мегӯянд. Дар он ҳазор шаҳр аз ях буда,агар аз он ях заррае ба ин дунё афтад, аз хунукиаш ҳеҷ ҷонзоде зинда намемонад. Ин дӯзах ҷойи одамоне, ки ба зури моли касонро гирифта иморату мадраса — масҷид сохта бошанд, дар ҳаққи фақиру ятимон зулму хиёнат карда бошанд.
[Паноҳ ба Аллоҳ]
— Дӯзахи панҷумро Ҷаҳаннам гӯянд, ки калониаш ҳазор сола роҳ буда, дар ин дӯзах ҳафтод ҳазор қисм шамол аст.
Агар сӯрохие баробари сӯрохии сӯзан аз он кушода гардад,тамоми ҷонзоди руйи дунёро ба бод мебарад. Аммо мисли дигар дӯзахҳо ин дӯзах низ бо сарпӯш маҳкам аст.
[Паноҳ ба Аллоҳ]
— Дӯзахи шашум, Сиҷҷин буда, калониаш ҳазор сола роҳ аст. Ҳама ҷояш торику пур аз мор аст. Агар ба ин дунё яке аз ин морҳо ояд, аз ҳайбаташ ҳама чиз нобуд шавад. Ва агар заррае аз он торики ба ин дунё ояд тамоми олам торик мегардад. Ин дӯзах макони он касоне, ки Намоз мехонанду рӯза намегиранд (ё рӯза мегиранду намоз намехонанд), қиморбози ё корҳои хилофи шаръи мекунанд.
[Паноҳ ба Аллоҳ]
— Дӯзахи ҳафтумро Ҳутама гӯянд. Калониаш нӯҳ ҳазор сола роҳ буда, гармиаш аз ҳама дӯзахҳо гармтар ва азобу укубатҳояш ҳазор ҳисса сахттар мебошад.
Ин дӯзах макони онон аст, ки ба амонат хиёнат мекунанд, зану шавҳаре, ки як дигарро ҳурмат намекунанд хиёнат мекунанд, бо якдигар ҳангоми ҳайзу нифос алоқаи ҷинси мекунанд ва он заноне, ки дар назди номаҳрамон беҳиҷоби мекунанд. Он касоне, ки молашонро ба ҳаром сарф мекунанду бо бенамозон, шаробхурон ҳамсуҳбат мешаванд, маконашон мебошад. Ин дӯзахро Аллоҳи таборак ва таъоло аз каҳру ғазабаш офаридааст.
[Паноҳ ба Аллоҳ]
Бародар ва Хоҳари азизам оё ҳануз хам пайи гуноҳ меравӣ? Як сол гуноҳ, ду сол гуноҳ, панҷ сол гуноҳ, даҳ сол гуноҳ оё ханӯз ҳам даст намебардори? Оё наметарси ки яке аз ин ҳафт дӯзах макони ту бошад?
إِنَّا مِنَ الْمُجْرِمِينَ مُنتَقِمُونَ
«Мо аз гунаҳкорон интиқом мегирем»!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев