Гуфт: Се чиз аст, ки подшоҳро аз мамлакату раият бехабар дорад: Аввал, шаҳват ва мутобаати ҳавои нафс ва орзуҳои вай дармонад, парвои ҳеч кас ва фароғат аз ҳама чиз дорад.
Байт:
❗️Ҳар кӣ аз савдои шаҳват маст шуд,
Кори ӯ якборагӣ аз даст шуд.
Ва машҳур аст, ки шахсе Искандарро гуфт, ки: Ту подшоҳи бағоят бузургӣ, занони бисёр ба ақди худ дарор, то фарзандон бисёр шаванду аз ту ёдгор монанд.
Гуфт: Ёдгори ман адл асту некномӣ. Ва зишт бошад, ки касе бар мардон ғолиб омада бошад, ба охир забуни занон гардад.
Байт:
❗️Барои якдама шаҳват, ки хок бар сари ӯ,
Забуни зан шудан оини шермардон нест.
Дуввум, аз асбоби ғафлат ҳирс бошад бар ҷамъи мол ва ниҳодани ганҷ. Ва ҳеч сифат мар мулукро нописандидатар аз ҳирси мол нест. Зеро, ки ҳарис дар ҷамъи мол парвои ҳалолу ҳаром накунад ва ғами мулку раият нахӯрад. Балки нахоҳад, ки ғайри ӯро молеву маноле бувад, ҳама худро хоҳаду бо ин ҳама ҳанӯз сер нашавад.
Байт:
❗️Косаи чашми ҳасудон пур нашуд,
То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.
❗️Овардаанд, ки зоҳиде султонеро насиҳат мекарду мегуфт: Эй малик, ҳоло раияти ту тавонгаранду ту подшоҳи тавонгаронӣ. Бас, агар мол аз раият биситонӣ, мӯҳтоҷ шаванд ва ту он дам подшоҳи мӯҳтоҷон бошӣ!
Ҳаким Фирдавсӣ фармуда:
Назм:
❗️Агар подшоҳ ройи ганҷ оварад,
Дили зердастон ба ранҷ оварад.
Чу ноком бояд ба душман супурд,
Бас, он ганҷро бод бояд шумурд.
❗️Подшоҳеро гуфтанд: Мол аз раият бистону дар хизона неҳ.
Гуфт: Хизонае барои мол беҳ аз раият нест, ҳар гоҳ, ки мехоҳам, моли худро аз он хизона бармедорам.
Сеюм, аз онҳо, ки ғафлат орад, шароб хӯрдан аст. Ва ба малоҳиву малоиб майл кардан. Ва подшоҳ бояд, ки аз мастӣ парҳезад. Зеро, ки чун маст шавад, аз мулку мол бехабар гардад ва мулозимон ба ҷиҳати онки ӯро ғофил ёбанд, ҳарчи хоҳанду бо ҳар кӣ хоҳанд, бикунанд.
Байт:
❗️Бехабар он мард, ки чизе чашид,
К-аш қадами бехирадӣ даркашид.
Бисёр бошад, ки дар мастӣ сурате чанд вуҷуд гираду халале чанд вуқӯъ пазирад, ки дар ҳушёрӣ тадоруки он натавон кард.
Байт:
❗️Маст будан нест добу пешаи арбоби мулк,
Шоҳро дар салтанат оини ҳушёрӣ хуш аст.
Шоҳ бошад посбони мулку мастӣ хоби хуш,
Посбонро хоб лоиқ нест, бедорӣ хуш аст.
✏️Ҳусайн Воизи Кошифӣ.📖
Малоҳиву малоиб – бозиҳо ва лаъбҳо.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев