Предыдущая публикация
На имон аст морову на виҷдон.
Куҷо шуд одамону одамият,
На дӯстӣ аст зи мову на зи ёрон.
Ба масҷид бингарӣ пур аз риё аст,
Ба сӯфиён на нуру на зиё аст.
На мардонро бимонда зеби мардӣ,
Занону духтарон ҳам беҳаё аст.
Намонда фарқи инсонҳову ҳайвон,
Зи кори мову ту шайтон парешон.
Нахоҳӣ кард фикри рӯзи Маҳшар,
Миёни нимароҳ мемонӣ ҳайрон.
Эй, ки хоҳад омад он рӯзи қазо.
Мегирӣ бар ҷурму ҷабрҳоят ҷазо.
Худ, ки хок ҳастиву боз оӣ ба хок,
Зери хок он нолаҳоят бесазост.
Биё Аъзам, на худ дону на кас гӯй,
Нахушкад, гар нахушкад оби ин ҷӯй.
Ҳамедонӣ, ки дар дунёи гардун,
Нахушкад ҳеҷ гоҳ гулҳои бе бӯй.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев