Ин ҷавоне, ки дар расм мебинед, аз ин 29 сол пеш барои таҳсил дар Донишгоҳи Стэнфорди ИМА грант ба даст меорад. Аммо барои парвоз аз Ҳиндустон ба Амрико маблағи кофӣ надошт.
Баъд падараш... бо маблағе, ки қариб баробари маоши яксолааш буд билет мехарад. Ҷавон дар ҳаёти худ бори аввал ба ҳавопаймо савор шуда, ба ИМА парвоз мекунад.
Ин ҷавон - Сундар Пичай дар соли 2015 директори генералии Google таъин мегардад, ки яке аз сарватмандтарин ва пешқадамтарин ширкатҳои ҷаҳон аст. Дар соли 2022 маоши солонаи ӯ ба 226 миллион доллари амрикоӣ баробар буд.
Ҷасорати бузурги падар, ки як вақтҳо карда буд, самараи хуб дод.
Беҳтарин сармоя, ин сармоягузорӣ ба ояндаи фарзанд аст!
Дӯстон, барои таҳсил, дониш андӯхтани фарзандатон маблағи худро дареғ надоред!
Таҳияи ФАРАҲМАНД
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев