Ҷавоб омад, ки восиқ шав ба алтофи худовандӣ.
Дуои субҳу оҳи шаб калиди ганҷи мақсуд аст,
Бад-ин роҳу равиш мерав, ки бо дилдор пайвандӣ.
Қаламро он забон набвад, ки сирри ишқ гӯяд боз,
Варои ҳадди тақрир аст шарҳи орзумандӣ.
Ало, эи Юсуфи Мисрӣ, ки кардат салтанат мағрур,
Падарро бозпурс, охир, куҷо шуд меҳри фарзандӣ?
Ҷаҳони пири раъноро тараҳҳум дар ҷибиллат нест.
Зи меҳри у чӣ мепурсиӣ, дар ӯ ҳиммат чӣ мебандӣ?
Ҳумое чун ту олиқадр, ҳирси устухон то кай?
Дареғ он сояи ҳиммат, ки бар ноаҳл афгандӣ!
Дар ин бозор агар судест бо дарвеш, хурсанд аст,
Худое, мунъимам гардон ба дарвешиву хурсандӣ!
Ба шеъри Ҳофизи Шероз мерақсанду менозанд,
Сияҳчашмони кашмириву туркони самарқандӣ.
Ҳофизи ШЕРОЗӢ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев