Предыдущая публикация
Ки боре бозгардам бар ҷаҳони кӯдакиҳоям,
Ки аз нав модарамро хандарӯ бинам,
Ба ӯ гӯям, ки эй модар, ба ёдат ҳаст,
Замони кӯдакӣ гоҳе ба беморӣ задам худро,
Ки то донам дилат бар кӯдаки бемор месӯзад,
намесӯзад?
Ба рӯи бистарам гирйиста будӣ,
Худоёнро тавалло карда будӣ...
Кунун аз ростӣ беморам, эй модар,
Куҷоӣ ту, куҷоӣ ту.
Ман аз ту розиям, то зиндагонӣ ҳаст,
Магар аз ман ризоӣ ту?
Дилам дар ҳар чӣ кардам дар мурури
умри кӯтоҳам,
Зи нав оғоз мехоҳад.
Дилам андар фазои зиндагии рафта аз дастам
Зи нав парвоз мехоҳад,
Чунон парвоз мехоҳад,
Ки гӯӣ ман на дар рӯи замини пургунаҳ бошам,
Ки гӯӣ ман шабаҳ бошам...
Устод Лоиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев