🌸 Рӯзи Ҷумъа рӯзи муборак аст, рӯзи пурфазлу бо баракат ва шарофатманду дилпазир.
🌼Рӯзи Ҷумъа рӯзи саид, рӯзи дилхушии муъминон ва ибодатгарон, рӯзи ризоятмандии Худованд барои бандагонаш.
🌿 Рузи Ҷумъа рузи дуъо, Рӯзи тавба ва истиғфор ва рӯзи салавоту дуруди бекарон бар Пайғамбари Худо саллоллоҳу алайҳи васаллам.
🏵Рӯзи Ҷумъа рӯзи аввалу охири олам ва дунё, рӯзи якдилию якдигарфаҳмии мӯъминон барои Худо ва ризоъи Худованд.
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
АММО БАЪД АССАЛОМУ АЛАЙКУМ ВА РАҲМАТУЛЛОҲИ ВАБАРАКАТУҲУ, СУБҲИ РУЗИ ҶУМЪА БА ХАЙР, ҚАДРДОНҲОЯМ!
ШУКРИ ХУДОВАНД, КИ МОРО БОЗ БА ЯК СУБҲИ НАВ РАСОНИД!
🤲 #Дуои_саҳар!🤲
Ё Аллоҳ!
Ба мо дарҳои раҳмататро, хазинаҳои ризқатро, қалбҳои бандаҳоятро бикушо. Ҳоҷати моро ба дасти дигарон маяфтон!
Ё Аллоҳ!
Ба беморҳоямон шифо деҳ, ба қарздорҳоямон наҷот деҳ, касе ки мушкилӣ дорад, мушкилашро осон гардон, ҳоҷати ҳоҷатмандҳоро раво кун, сафари мусофиронро бехатар гардон, ибодатҳоямонро бардавом гардон.
Ё Аллоҳ!
Ба бефарзандҳо зурриёдҳои солиҳу солиҳа ато фармо, ба толибилмон илми фоиданок деҳ, ба шахсоне, ки оила барпо карданианд, ҷуфтҳои солиҳ-солиҳаро рўбарў кун.
Ё Аллоҳ!
Моро баякборагӣ азоб мадиҳӣ.
Вақто, ки дар ғафлат фурӯ равем, дар он ҳангом ҷони моро нагирӣ.
Ба мо пеш аз марг барои ба ҳамаи гуноҳонамон тавба карда гирифтанамон мӯҳлате деҳ.
Хотимаамонро зебо гардон.
Омийн!🤲
┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅
Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадив ва ъало оли Муҳаммадин ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.
Бираҳматика ё Арҳамарроҳимин.
Азизони Дил,
Шумо низ дар ҳаққи бандаи ҳақир Дуъои неки худро дареғ надоред.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев