Предыдущая публикация
Мард оҳиста дар гӯши фарзандаш гуфт:
— Писарам, дар зиндагӣ ҳаргиз дуздӣ накун.......
Писар ҳайрон ба падараш нигоҳ кард, ба ин маъно, ки ӯ ҳаргиз дар зиндагӣ дасти каҷ надошт.....
Падар лабханде заду идома дод:
— Дар зиндагӣ дурӯғ нагӯй, чун дурӯғ гуфтӣ, садоқатро дуздидаӣ......
Хиёнат накун, агар кардӣ, ишқро дуздидаӣ......
Хушунат накун, агар кардӣ, муҳаббатро дуздидаӣ......
Ноҳақ нагуй, агар гуфтӣ, ҳақро дуздидаӣ......
Беҳаёӣ накун, агар кардӣ, шарофатро дуздидаӣ.
Пас ҳеҷ гоҳ дуздӣ накун!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев