Предыдущая публикация
Аз дилам дида, ки дар хонаи ёр аст, қарибам ҳамин.
Ҷуз худам кист, маро, ишқи маро, ашки маро мефаҳмад?
Ман худам душмани хешам, санохони рақибам ҳамин.
Оҷилан роҳ бигирам ба шифохона зи дарди дили худ
Охирин чорагари дарди зиёдеву табибам ҳамин.
Гарчӣ ёр рафту гирифт роҳи хиёнат чӣ илоҷ?
Буд андӯҳу алам, фоҷеаҳое ба насибам ҳамин.
Ҳар куҷо рафтаму дидам, ки касе нест шиноси дили ман,
Як муҳоҷиру паноҳандаи эҳсоси ғарибам ҳамин.
Гоҳ ман баҳри худам душману бегонаву дурам, вале
Ман худам, боз худам, баҳри худам дӯсту ҳабибам ҳамин...
АНИСА МАНОНОВА
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев