Дар ин лаҳзаҳои иҷобати дуъо аз даргоҳи Худованд барои якояки шумо - Азизонам, аввал саломатӣ, баъдан хотири ҷамъ, дили беғам, умри дароз, ризқи фароз ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорам. Худои таъоло саодатмандии ду ҷаҳонро бароятон насиб гардонад. Худованд тамоми хайру ҳасанот, рӯзаю намоз ва тоату ибодати шуморо ба даргоҳаш қабул фармояд. Худованд аҳли гузаштагони мову шумоёнро ғариқи раҳмату шоистаи ҷаннат гардонад.
Идатон муборак бошад, Азизони дилу дида!
Рӯзгоратон бар мурод, Рӯзҳоятон шод шод,
Осмонатон бе ғубор, саҳми чашмонатон баҳор,
Қалбатон аз ҳар ғусса дур, тақдиратон босурур,
Бахту тақдиратон қашанг, умри ширинатон баланд,
Сарнавиштатон тобнок, ҷисму рӯҳатон поки пок.
Дидагонатон аз ҳамеша шодтар, шаҳри қалбатон зиндаву ободтар,
Ғуссаҳоятон дам ба дам кам, эй азизон,
Дар гузаргоҳи замон барбодтар...
Дӯстони азизу арзандаам, идатон муборак бод,
Дили тамоми душманотон чу шишае шикаста бод.
Дуо кунам, дуо кунам, ки ҷовидону ҷовидон,
Ҳумои бахти пойдор бар саратон нишаста бод!
Худованд ҳамеша нигаҳбонатон бошад!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5