Дар яке аз шаҳрҳои Германия
дар моҳи Рамазон рӯҳонии ибодатхонаи маҳалли туркҳои муҳоҷирро ки дар завод кор мекарданд ба хонааш барои ифтор даъват кард.
Баъзе аз коргарон ба ҳаргуна сабаб нарафтанд баъзеашон барои попро наранҷондан таклифро қабул карданд ва дар ифтор ҳозир доштанд.
Вақтеки ки туркҳо вориди хона шуданд дар ҳайрат буданд, зеро поп дар дасташ Қуръони Карим онҳоро пешвоз гирифт.Баъд аз пазирои поп гуфт;
-Ман аз шунидани қироати Қуръон бисёр завқ мебарам , ягон кас қироат кунад ман гӯш кунам.
Поп Қуронро болои миз гузошту худаш сӯи ошхона рафт.
Дар байни меҳмонҳо сукут ҳукмфармо буд
Ҳамма бо якдигар бо умед нигоҳ мекарданд, аммо ҳеҷ кадоме аз ҳозирон Қуръон хонда наметавонистанд.
Яке аз туркҳо гуфт
-Ҳой оё ягон кас сураи "Фотиҳа"ро медонад?
Қуръонро кушода Фотиҳаро аз ёд хондан гирад , поп аз куҷо медонад?
Яке аз меҳмонон Қуръонро аз байнаш кушод ва ба хондани сураи Фотиҳа шуруъ кард.
Поп ин ҳолро диду гуфт:
-Як дақиқа, ин сурае ки ту мехони дар сари Қуръон аст , ту ғалат мехони.
Меҳмонҳо аз шарму хиҷолат сарашон хам шуд.Поп боз фармуд:
-Аслан ман фикр мекардам ки чаро авлодони Усмониёни бузург ки дар давоми шаш аср дар дунё бо адл ҳукмрони карданду дар ҳар гушаи дунё барои барқарории Ислом мубориза бурданд , ба ҳоли хизматкори уфтоданд.Имруз ман ба ин саволам ҷавоб ёфтам онҳо дар дин пойдору мустаҳкам буданд шумо аз дину Қуръон дур шудаеду заиф ҳастед ва ҳолу аҳволатон ин аст...
Азизон вақти он аст ки мо ҳам дарк кунем ки хориҳои мо имруз аз дуриҳои мост аз каломи Аллоҳ..
#Аз ҳикоёти исломӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1