Предыдущая публикация
Одами аз ин ҷаҳон гоҳе гурезон мешавад.
Ҳарчи ояд бар сари одам зи одам мерасад,
Гар ҷафокор аст муслим номусалмон мешавад.
Баҳри ором бо ҳама оромие дорад ба худ,
Гоҳ–гоҳе тунд аз таъсири тӯфон мешавад.
Бе сабаб ашке зи дида барнамеояд бурун,
Дар диле чун сӯз бошад дида гирён мешавад.
Сабзаҳои хушки соҳил хам бигашта дар суҷуд,
Интизоранд аз Худои худ, ки борон мешавад.
Рӯзгори бенавоеро накардаем чорае,
Бо кадом рафтор аз мо шод Худоҷон мешавад!?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1