Буд мардеро зани соҳибҷамол,
Дошт ҳусни беназиру бемисол.
Ҳарду мезистандӣ бо меҳру вафо,
Бо муҳаббат,бо дили сидқу сафо.
Буд боре дар сафар марди Худо,
Шуд занаш бемор бар дарди Худо.
Пӯсти ӯ аз ҳам бирафту шуд табоҳ,
Ҳусни ӯ коҳиду шуд чун ранги коҳ.
Гуфт:-" Агар шӯям бубинад рӯи ман,
Ӯ назар ҳаргиз насозад сӯи ман".
Ин бигуфту мегирист ӯ зор-зор,
Аз ғаму аз ғусса гашта дилфигор.
Аз сафар баргашта омад шавҳараш,
Нобино буд, ҳарду чашмони сараш.
Ӯ ба садма шуд дучору аз қазо,
Оқибат аз дидагонаш шуд ҷудо.
Ӯ дигар мӯҳтоҷ буду ҳамсараш,
Мегирифт аз дасту доим дар бараш.
Ҳарду бо ҳам меҳрубону ғамгусор
Доимо ҳамдам буданду ҳамканор.
Чанд моҳу чанд соле ҳам гузашт,
Оқибат рӯзе занак з-олам гузашт.
Баъди дафнаш дар сари гӯраш нишаст,
Дар ғами хонумааш бепою даст.
Он яке гуфто :"Биё, танҳо намон,
Чун касе боқӣ намонд аз одамон.
Ҳастӣ аъмо чун равӣ бар хонаат,
Зуд биё гирам зи дасту шонаат.
З-ин сипас ёре надорӣ дар барат.
Чун бисозӣ зиндагӣ бе ҳамсарат?"
Гуфтӣ: -"Аслан, чашми ман аъмо набуд,
Баҳри ҳамсар менамудам вонамуд.
То напиндорад,ки ман бар занни ӯ,
Мешавам нохуш зи қубҳи ҳусни ӯ.
То нагардад дилшикаста дилҳазин,
Ман надидам айби ӯро ҳамчунин!"
Алхулоса, ҳикмати ин қисса чист,
Мард бояд будану одамгарист.
Айби касро чун бидидӣ чашм пӯш,
Айби худ бингар ба ислоҳаш бикӯш.
То наозорӣ дилеро,ҳар нафас,
Чашми худ аъмо бисозӣ баҳри кас!
Насим 20.01.22
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев