ЛАБАТРО БО ХАЁЛИ НОКАСӢ ШИРИН МАКУН, ЭЙ ДӮСТ...
КИТОБИ СИНААТРО ХОНДА БУДАМ ҲАРФ ТО ҲАРФЕ,
ХАЁЛИ НОХУШАТ БО ҲАРФИ ХУШ ОЗИН МАКУН, ЭЙ ДӮСТ...
БА ШАРЁНИ ТУ ХУНИ НОСИПОСӢ МЕРАВАД, АММО
БА ЛАБ ИЗҲОРИ ШУКРУ ҶАБҲАРО ПУРЧИН МАКУН, ЭЙ ДӮСТ...
СУХАНҲО БО ҒАРАЗ ФАРМУДА, РӮБОҲОНА МЕХАНДӢ,
ТУ НАҚДИ ҚАЛБИ ХУДРО РӮКАШИ ЗАРРИН МАКУН, ЭЙ ДӮСТ...
ТАҲАММУЛ МЕТАВОН КАРДАН ТАҶАММУЛҲОИ ЁРОНРО
БА ЛУТФУ БЕНИЁЗӢ, БЕШ АЗ ИН ТАМКИН МАКУН, ЭЙ ДӮСТ...
ТУ МЕХОҲӢ, КИ НОМАТ ҶОВИДОН БЕ ДӮСТОН МОНАД,
ХАЁЛИ ХОМИ ХУДРО БЕШ АЗ ИН ТАҲСИН МАКУН, ЭЙ ДӮСТ...
ДУОЕ МЕКУНАД #НАҚҚОШ БАР ИСЛОҲИ АТВОРАТ,
АГАР ДОНӢ ҒАЛАТ ГУФТОРИ Ӯ, ОМИН МАКУН, ЭЙ ДӮСТ!...
•••┈┈┈••●◆●❁✿❁●◆●••┈┈┈•••
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ, ДӮСТОНИ АЗИЗУ ГИРОМӢ!
СУБҲ БА ХАЙР, ҚАДРДОНҲОЯМ!
РӮЗИ НАВ МУБОРАК БОШАД, АЗИЗОНАМ!
ХУДОЁ ШУКРАТ!
РӮЗАТОН САРШОРИ ОРОМИШ БОШАД ВА ХУШ ГУЗАРАД, АЗИЗОНАМ!
БО МО БОШЕД ВА ИН САҲИФАРО БА ДӮСТОНИ ХУД ПЕШНИҲОД НАМОЕД, АЗИЗОНИ ДИЛУ ДИДА!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 16