Предыдущая публикация
Миллати ҳамсоя аз нанги шумо.
Гӯ чи бояд кард, ки аз ин хоки мо!
Сер гардад дидаи танги шумо ?
То ба кай гардад хароб мавзеъи мо,
Аз яроқу тиру аз санги шумо.
Боварам ҳаргиз намеояд чунин,
Паст бошад сатҳи фарҳанги шумо.
Халқ зери зулму заҳмат то ба кай,
Бошад аз таъсири найранги шумо.
Хотири ҳамсоя дар ҳамсоягист,
Мо, ки безорем аз ранги шумо.
Мушти Тоҷик санги хоро бишканад,
Кай бувад тарсаш зи ин ҳанги шумо.
Раҳме ба сари миллат аз ин волӣ нест,
Ин зулму ситам боиси хушҳолӣ нест.
Бедор шав эй мардум аз ин хоби гарон,
"Ин беша зи ваҳшисиратон холӣ нест"
Пайрави Иқбол
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 15