ҳамчун Рӯзи байналмилалии Олимпӣ,
ба хотираи эҳёи
ҳаракати олимпӣ дар шакли муосири он
таҷлил карда мешавад. Аввалин бор оид ба
таъсиси чунин як ҷашнвораи муҳташам дар
Анҷумани 41-уми Кумитаи байналмилалии
Олимпӣ соли 1947 дар Стокголм сухан рафта
буд. Дар ин ҳамоиш ташаббускорону
тарафдорони ин иқдом иқрору исрор
карданд, ки ҷашни мазкурро ба хотири
ошно намудани мардуми сайёра бо асосҳои
бунёдии олимпӣ рӯи даст мегиранд. Баъд аз
як соли дигар, саҳеҳтараш дар ҳамоиши
Кумитаи байналмилалии Олимпӣ дар
Санкт-Моритсе лоиҳаи мазкур ба таври расмӣ
ба тасвиб расид. Ин рӯзи
таърихиро маншаъ рӯйдоди мазкур мебошад.
Моҳи июни соли 1894 дар пойтахти
Фаронса шаҳри Париж Конгресси
байналмилалӣ оид ба масъалаву мушкилоти
тарбияи ҷисмонӣ
бо иштироки намояндагони 12 кишвари дунё
баргузор гардида буд. 23-юми июн дар
ин ҳамоиш роғиби эҳёи ҳаракати олимпӣ
барон Пйер де Кубертен маърӯзаи
пурмӯҳтавои худро дар назди ҳозирин ироа
намуд. Дар маърӯзааш ӯ иштирокдорони
намоишро бо
асосҳои ташкилии Бозиҳои олмипӣ, ки худаш
таҳия карда буд, ошно сохт.Бахши чавонон, варзиш ва сайёхии нохияи Деваштич
бо арзи эҳтиром ба ин Рӯзи
муборак қаблан тамоми варзишгарон ва
мухлисону алоқамандони тарбияи ҷисмониро
табрику таҳният мегӯяд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев