Ба ғайр аз он ки Қуръони Карим каломи Худованди Якто ва ҳар ҳарфаш дорои 10 савоб асту шифо барои муъминон, боз дорои муъҷизаи дигар низ ҳаст. Он муъҷиза ин аст, ки вақте хонанда онро бо дили кушод (яъне бо завқи дил) мехонад, як оромӣ ва муҳаббат, дилсӯзӣ ва таассуроти волоеро дар дилаш ҳис мекунад. Ин ҳолат беш аз ҳама дар оятҳое ки онҷо Раҳмати Худовандӣ ва Меҳрубониву Муҳаббати Худои Ягона нисбати бандааш омадааст, намудор мегардад. Чихеле ки медонем Қуръони Карим оиди зиндагӣ ва тарзи даъвати паёмбарон (алайҳимуссалам) нақл мекунад. Муъҷизаи Қуръони Карим боз он аст, ки ҳар сол дар тамоми ҷойҳои кураи Замин хатми он ба ҷо оварда мешавад. Аз ҷумла дар ватани мову шумо. Ҳофизони ширинсадо то ҳадде мехонанд, ки бо шунидани қироати онҳо дар ҷойи ваъдаи азоб ашки тарсу ваҳм дар ҷойи ваъдаи Ҷаннат ашки шодиву фараҳ ва умед ба ҷаннатӣ будани мусулмонон (ин ша Аллоҳ) ҷорӣ мешавад.
Чанд рузе пеш ояти 49-и сураи "Ҳиҷр"-ро хонда будам, ашкам ҷорӣ шуд. Чун дар ин оят Худованд мефармояд: " Ба бандагони Ман хабар деҳ, ки Ман Омурзандаи Меҳрубонам" .
Пас аз хондани ин оят умедам дучанд гашт(фикр мекунам ҳар як мусулмоне ки умед ба раҳмати Худованд дорад, бо хондани ин оят ашки чашмашро дошта наметавонад) . Мисли ҳар мусулмон Ҳолати фриссонӣ ( такон ҳангоми шунидани ояти дӯстдошта ) маро гирифт. Он оятро борҳо такрор ба такрор хондам. Бовар кунед ҳиссиёте ки маро фаро гирифт нонавиштанӣ аст.
Муъҷизае ки дар боло номбар кардем ҳақиқат дорад. Худованд бо бандааш дар Қуръон суҳбат мекунад. Вақте Қуръонро кушода қироат мекунӣ ҳис мекунӣ ки Худованд бо ту ҳарф задаистодааст.
Як муъҷизаи дигари Қуръон ки худи банда шоҳиди ҳол будам, пеш аз навиштани ин мақола буд. Он мӯъҷиза муъҷизаи шифо будани Қуръони Карим барои муъминон аст. Пас аз рӯзи корӣ бо ҳисси он ки имрӯз ҳам гузашт, баъди намози шом ба хона баргаштам. Чашмонам дар ҳоли сузиш буданд(бо сабаби истифодаи технология) . Тавсияи бародар-устодам Фирдавсии Нуралиён (Худованд ҳифзаш кунад) ба ёдам омад, ки дар яке аз мақолаҳояш бо овардани ҳадисе хондани Сураи "Мулк(Таборак)"-ро дар шабҳо тазаккур дода буд. Пасон пеш аз намози хуфтан ба хондани он шуруъ кардам (хондани он сура тақрибан 6-7 дақиқаро дар бар мегирад) . Ногаҳон ҳис кардам, ки он сузише ки дар чашмон буд бо амри Худованди Якто нобуд шуд. Чашмон аз сӯзиш бозистоданд.
Он муъҷизаҳое ки дар боло қисса кардам аз он буд, ки худ шоҳиди он будам. Умедворам ин навиштаҷот меҳри мову шуморо нисбати Қуръони Карим дучанд кардаву барои хонданаш моро водор мекунад.
Худованд тавфиқи амал кардан бо китобашро барои мо насиб кунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев