Гуфт: Зеро ман як зан ҳастам. Писар гуфт: Ман инро намефаҳмам. Модар ӯро ба оғӯш кашида гуфт: Ҳаргиз нахоҳӣ фаҳмид...
Пас писар аз падар пурсид, ки чаро модарам бе сабаб гиря мекунад. Падар гуфт, ки ҳамаи занон бе сабаб гиря мекунанд. Писарак ба воя расид ва то ҳол намедонист, ки чаро занон гиря мекунанд. Инак рӯзе бо соддагӣ аз ҳакиме пурсид:
Чаро занон гиря мекунанд? Хирадманд посух дод: Вақте, ки зан офарида шуд, Аллоҳ барояш китфони пурқувват дод, то ки вазниниҳои оламро бардорад. Ва дасту бозуи нарм дод, то ки ба мо роҳат бахшад. Барояш қувваи дохилие, дод барои бардошти таваллуди кӯдак ва барои бардошт кардани он лаҳзае, ки ӯро тарк мекунанд (баъди ба воя расидан). Барояш салобат ва маҳкамие бахшид, ки мушкилиҳои хонавода ва наздиконро паси сар кунад ва ҳамеша ғамхори эшон бошад. Ва барояш муҳаббати фарзандонашро додааст, ки хотима намеёбад ва дигаргун намешавад (ҳатто агар фарзандон сабаби дарду аламҳояш шаванд ҳам). Муҳаббати шавҳарашро ато кардааст, то ки дар хидмати ӯ бошад ва рафторҳои нохушоянди ӯро фаромуш созад. Ҳикмате барояш дода, то хонаводаро танзим кунад. Ва ахиран "АШК" – ро барояш дода, то ки онро бирезад, то вазниниҳои он ҳама масъулиятро афканад ва роҳи худро идома диҳад. Ин ҳам ягона нуқтаи заъфи ӯст. Барои ҳамин агар ӯро дидӣ, ки ашк бирезад, барояш бигӯ: "Модарҷон туро дӯст медорам ва ҳама он кору талоши туро қадр мекунам..."
Агарчанде гиряи худро идома медиҳад, лекин эҳсоси роҳат хоҳад кард. Чӣ қадар бузург аст Модар!
Камаст ҷавон мардоне, ки Падар ва Модарошонро иззат ва эҳтиром кунанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
-ман говхо ба нигох кардам 30 самон Ман бахои ало гирифтам 10 самон Ман хоная руфта тоза кардам 20 самон Ман аз бозор 140 самон ба харид карда хона овардам хамаги 200 самон мешавад гуфта когаз ба нависта Дод .Бад модараш когаза грифта пушташ ба нависть.
Ман туро 9мохи 9 Руз батни худам нигох кардам : бебахость
Ман ту ба Шир додам : бебахость
Ман туро хоб накарда шабхо Алла гуфта бромадам : бебахость
Бад аз чашми писараш ашк омад аз Дасти модараш когаза гирифта бубахш модарчон гуфт
Дустони азизон модаронро эхтиёт кунем!