гаштам зи сарам мегузарад. Фасли гул мунфаилам
бояд сохт, Абр бе чашми тарам мегузарад. З-ин
гузаргаҳ ба кучо дил бандам? Ҳар чиро
менигарам,мегузарад.
Дар бағал номаи Анқо дорам, Хабарам бе хабарам мегузарад. Ҳалқа шуд қомату маҳрум нашудам, Умр
беруни дарам мегузарад. Чодаи пайсипари таслимам,
Ҳарчи ояд ба сарам мегузарад.
Шаш чиҳат ғулғули сур аст,аммо, Ҳама дар гуши
карам мегузарад. Мижае боз накардам,ҳайҳот, Пар
задан зери парам мегузарад. Мавчи ин баҳр нафас рост накард, Ба ватан дар сафарам мегузарад.
Ҳар тараф соясифат мегузарам, Як шаби бесаҳарам
мегузарад. Кош бо яъс тавон сохт чу бед, Бебари ҳам
зи барам мегузарад. Дил надонам ба кучо месузад,
Дуди шамъе зи сарам мегузарад.
Мирзо Абдулкодири Бедил. Ва боз хам садои безаволи Ахмад Зохир!
www.Bedona.Uz va www.Sharqona.Ru sayti ish faoliyatini boshlaganini malum qilamiz va hamkorlikga chorlaymiz !
...Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев