Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Гарчи чашми ту пайи бурдани дилҳост ҳануз,
Нигаҳи мунтазирам ғарқи таманност ҳануз.
Ханда бар лаб задаам, то ба ту наздик шавам,
Ба Худо, сина пур аз ҳасрати ғамҳост ҳануз.
Душ бо ёди ту дар хилвати ман базме буд,
Дил пур аз орзуи ваъдаи фардост ҳануз....