Оё касе ҳаст, ки аз мард бинависад?
Марде, ки аламҳову дардҳояшро ба ҳеҷ даре намебарад ва нима шабҳо канори ҳеҷ тирезае ҳиқ-ҳиқи гиряаш баланд намешавад.
Ҳамун марде, ки аз овони туфулияташ инҷониб дар канори гӯшаш пайваста замзама мешавад, ки гиря накун, гиря накун, ки гиря кардан ба мард айб аст!
Инҷост, ки ҳунармандона дардҳояшро нӯш мекунад...
Оё касе ҳаст, ки аз марде бинависад, ки оғӯшаш паноҳгоҳи амнест барои ҳамсараш ва ҳеч шонае дар фикри ғамҳои ӯ нест...
Оре, гоҳо мард будан ҳам сахт аст!!!
Ғам дорӣ аммо бояд қаввӣ бошӣ, буғз гулӯгират кардааст, аммо иҷозаи гиря надорӣ....
Дилат навозишҳои кӯдакона мехоҳад, аммо на, ту дигар мардӣ!!!
Оё касе ҳаст, аз марде бинависад, ки аз тулӯъ то ғурӯб арақ мерезад, на оҳе мекашад, на ашке мерезад, ҳатто шикояте намекунад.... ва орому сабур то нимаҳои шаб бо худаш хилват мекунад...
Гоҳе як мард бештар аз як зан ба дилҷӯӣ ниёз дорад..
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев