🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠 АССАЛОМУ АЛАЙКУМ..... ДУО ГУЯМ , ДАР ОҒУШИ ШАБИСТОН , ҲАМЕША ХУШИҲО БОШАД БА ДУСТОН . РАҲИМӢ ОЯД  АЗ  ДАРГОҲИ РАҲМОН , КИ БОШАД ХАНДА ДАР ЛАБҲОИ ДУСТОН ... 🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒 ПАНДИ ШАБОНА Аз ҳаким пурсида шуд: - Чанд намуди дӯстӣ вуҷуд дорад? - Чор, - ҷавоб дод ӯ. 1) Дӯстоне ҳастанд, ба монанди хӯрок - шумо ҳар рӯз ба онҳо ниёз доред. 2) Дӯстоне ҳастанд, ба монанди дору, вақте ки шумо худро бад ҳис мекунед, онҳоро меҷӯед. 3) Дӯстоне ҳастанд, ба монанди беморӣ, худашон шуморо меҷӯянд. 4) Аммо дӯстоне ҳастанд, ки мисли ҳаво ҳастанд - онҳо намоён нестанд, аммо онҳо ҳамеша бо шумо ҳастанд ... Бо кӣ зарур аст, тақдир онро боз хоҳад овард. 🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰 ШАБИ ХУШУ ХОБҲОИ РАҲМОНӢ , ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ  !.
    55 комментариев
    4 класса
    Хона дилтанги ғуруби хафа буд, Мисли имрӯз, ки танг аст дилам. Падарам гуфт: - Чароғ! Ва шаб аз шаб пур шуд. Ман ба худ гуфтам: - Як рӯз гузашт! Модарам оҳ кашид, Зуд бархоҳад гашт Абре оҳиста ба чашмам лағзид Ва сипас хобам бурд. Кӣ гумон дошт, ки ҳаст ин ҳама дард, Дар камини дили он кӯдаки хурд? Оре, он рӯз чу мерафт касе, Доштам омаданашро бовар. Ман намедонистам, Маънии ҳаргизро. Ту чаро бознагаштӣ дигар? Оҳ, эй вожаи шум, Хӯ накардаст дилам бо ту ҳанӯз, Ман пас аз ин ҳама сол, Чашм дорам дари роҳ Ки биёянд азизонам, оҳ! ✍️Ҳушанги Ибтиҳоҷ
    2 комментария
    7 классов
    🌑🌘🌑🌘🌑🌑🌘🌑🌘🌑🌘🌑🌘🌑🌘🌑АССАЛОМУ  АЛАЙКУМ....... ШОМУ ШАБАТОН БА ХАЙР  ! ШАБ....СУКУТ....ОРОМИШ.... Мукаммал ҳам ҳастанд  ; Дар сукут метавон гӯши дил дошт, ки садои Худоро шунид , ки мегӯяд  ; "  Шабро барои ту офаридам , ором бихоб ! Ман муроқибат ҳастам....." БАР ХУДОИ МЕҲРУБОН МЕСУПОРАМАТОН , АЗИЗОН.... ДАР НИГОҲИ МЕҲРУБОНАШ ҚАРОР ДОШТА БОШЕД ,  ВА ХОБИ ШИРИНУ РАҲМОНӢ НАСИБАТОН.... ШАБИ ХУШ  ! 🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌
    59 комментариев
    8 классов
    Замину осмон бо ин ҳама дурӣ вафодоранд, Вале ҳайфо, ки инсонон канори ҳам ҷафокоранд. Бирав, мағурур бош, аммо Худоро дар дилат бигзор, Ки ҷумла хоксорикардагон дар зиндагӣ хоранд. Даво мехоҳӣ гар ту, рав, ба назди дардмандон шин, Табибони раҳи ҳақ хештан ғамдору беморанд. Ду бегона ба ҳам ёранду мефаҳманд дили ҳамро, Ду ҳамқисмат ба як хона вале ағёру ноёранд. Фиғон аз ишқи дил, душман шавад дилро пас аз анҷом, Фиғон аз одамиён, мурдахоҳу зиндабезоранд. Шудам ҳайрони ту, эй зиндагӣ, бо ёди зардорон, Саропошон бирезад зар, вале дар сина ғам доранд. Бикун ту росткорӣ, росгӯйиро вале кам кун, Ки аз ин ростгӯӣ росткорон лолу ночоранд. Дилам сӯзад бар ононе, ки саҳроро ба хуни дил Намуда гулъузору лек ин дам ҳар куҷо хоранд. Дигар ман шоириро тарк хоҳам кард баъд аз ин, Ки бе зар аз рухи зарди ману ҳам шеър безоранд. ✍️Рамазон Ҷелматов.📖
    1 комментарий
    15 классов
    Бечораҳоле се дона анор харид. Якумашро пора кард, пӯсида баромад, партофт. Дуюмашро пора кард, он ҳам пӯсида баромад, онро ҳам партофт. Чароғро хомӯш карда, сеюмашро пора карду хӯрд. Гоҳо ноилоҷӣ одамро барои иҷрои корҳои нописандидаи худ маҷбур месозад.....(?)
    2 комментария
    11 классов
    Дӯст душман мешавад, дарвозаро маҳкам кунед! Тарбиятро бас кунеду хешро одам кунед! Кори худро худ намудан одати мардон бувад, Ҳоҷате бурдан ба ин номардкорон кам кунед! Мард будан давлат асту мард мурдан ҳикмат аст, Эй мабодо, пеши номардон сари худ хам кунед! Хешро ислоҳ кардан беҳ зи сад устодиҳост, Айби худро то куҷоҳо айби ин олам кунед?! Ханда созад бахт бар рӯйи касе, ки собир аст, Гиряро бе ҳам кунеду хандаро бо ҳам кунед. Гаҳ каломи шоирон ояд зи гуфтори Худо, Боз гуфтам, дигаронро не, ки худ одам кунед. ✍️Рамазон Ҷелматов.📖
    2 комментария
    16 классов
    ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ РАМЗИ МАДАДИ СИНО Беморонро аз ҳар куҷо оварда, дар сари роҳи Абуалӣ ибни Сино менишониданд. Вақто ки Абуалӣ ҳар рӯз субҳ аз хонаи худ берун мебаромад ва аввал ба як тараф нигоҳ карда, беморони дар ҳамон ҷониб нишастаро ҳолпурсӣ мекард ва мегуфт: «Ин фалон мариз аст, илоҷи вай ин аст». Дар вақти бозгаштан ба ҷониби дигар нигоҳ мекард ва бо дастури боло илоҷи беморонро муқаррар менамуд. Рӯзе ба беморе бо диққат нигоҳ карда истода, дар бораи илоҷи дарди вай чизе нагуфт ва ба тарафи беморони дигар гузашта рафт. Аз ин муомилаи Абуалӣ ба он бемор ҳолати аҷибе руй дод. Вай аз зиндагонӣ тамоман дил канд ва аз сиҳат ёфтан даст шуста, хоҳиш намуд, ки ӯро зуд бардошта ба хонааш баранд. Дар хона ба наздикони худ гуфт: -Эй азизон, дар фикри тобуту кафани ман бошед, кори ман нашуд. Абуалӣ донистааст, ки дарди ман илоҷпазир нест, бинобар он ба ман аҳамияте надода гузашта рафт. Бемор ба марги худ интизор нишаста буд, ки аз сурохии кунҷи хона море берун шуд. Дар ҳамон вақт дар миёнаи хона косаи шир меистод. Мор ба оҳистагӣ худашро ба косаи шир наздик карда, шири косаро тамоман дам кашид. Пас аз чанде ба замин ғалтида печутоб хурд ва дубора даҳонашро ба лаби коса ниҳода, шири хурдагиашро тамоман қай кард. Вақто ки мор ба сурохии хона даромада аз назар пинҳон шуд, бемор ба чунин андеша афтод: «Чун ман мурданӣ шуда ва дигар умедворӣ надорам, ҳолам соат ба соат бад мешавад, беҳтар он аст, ки ин ширро хурда ҷонамро аз азоб халос кунам». Ӯ бо ҳамин фикр, ба пеш харакат кард ва косаи ширро гирифта тамоман дам кашид. Вале, баръакси интизории бемор, дарди ӯ соат ба соат сиҳат ёфтан гирифт. Бемор дубора ба худаш умедворӣ пайдо кард. Баъд аз чанд рӯз, ҳангоме ки худашро тамоман дуруст ҳис кард, фармуд, ки ӯро дубора ба сари роҳи Абуалӣ баранд, то ки ба он муомилаи Абуалӣ эътироз баён кунад. Хоҳиши ӯро ба иҷро расониданд. Вақто ки Абуалӣ аз хона баромада ӯро дучор меояд, дар тааҷҷуб афтода мепурсад:? -Эй мард, ту қайи мори афъиро аз куҷо ва ба чӣ кайфият пайдо кардӣ? Илоҷи касалии ту вобаста ба хӯрдани қайи мори афъӣ буд. Азбаски ҳосил кардани он бисёр душвор ва ғайри мумкин буд, ман он рӯз ба касалии ту дахл накарда будам. Марди бемор воқеаро ҳамон навъе, ки руй дода буд, нақл карда медиҳад. /Xirad
    1 комментарий
    18 классов
    ☀️📔☀️📔☀️📔☀️📔☀️📔 Наям аз кори ту ғофил, ҳамеша дар корам, Ки лаҳза-лаҳза туро ман азизтар дорам. Ба зоти поки ману офтоби салтанатам, Ки ман туро нагузорам,ба лутф бардорам. АССАЛОМУ АЛАЙКУМ...🍀 ЗИНДАГӢ БОЯД КАРД, БИГЗОР ҲАР МУМКИНЕ ПЕШ ОЯД.... УМЕДВОРАМ АВВАЛИ МУМКИНҲО ҲОЛИ ХУБИ ШУМО БОШАД !.... ПАЙКИ СУБҲИ ҶУМЪА ХУДОЁ !... Як субҳи зебои дигарро, бо тарануми дилнишини парандагонат оғоз менамоем... Шукр барои як рӯзи тозаи дигар... Шукр барои саломатии ҷисму ҷон... Шукр барои вуҷуди арзишманди азизонамон... Шукр барои Ҷумъа-и хайролудаи дигар.... Шукр барои оромиши зеҳниву қалбӣ.... ХУДОЁ !... Моро қалбе бидеҳ, ки саросар онро ҳузурат фаро гирифта бошад, чуноне ки хун дар рагҳоямон ҷори бошӣ, ки макони хурдакаке барои ноумедӣ намонда бошад. ТУ БАРОЯМОН УМЕДИ МАҲЗӢ ! Ҳар нафасе ки мекашем ва дар интизори нафасҳои баъдӣ, мемонем; Яъне ба ту умед дорем . 📔☀️📔☀️📔☀️📔☀️📔☀️📔 Тулӯи Ҷумъа нурафшони дилҳо ! 🌿🌹📖🌹📖🌹📖🌹📖🌹🌿
    33 комментария
    18 классов
    ___Эй Подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,  __Дил бе Ту ба ҷон омад, вақт аст, ки бозоӣ. ___Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад, __Дарёб заъифонро дар вақти тавоноӣ. ___Дишаб гилаи зулфаш бо бод ҳамекардам, __Гуфто: “Ғалате, бигзар з-ин фикрати савдоӣ”. ___Сад боди сабо имшаб, бо силсила мерақсанд, __Ин аст ҳариф, эй дил, то бод напаймоӣ. ___Муштоқиву маҳҷурӣ дур аз ту чунонам кард, __К-аз даст нахоҳад шуд поёби шикебоӣ. ___Ё Раб, ба кӣ бояд гуфт ин нукта, ки дар олам, __Рухсора ба кас нанмуд он шоҳиди ҳарҷойӣ. ___Соқӣ, чамани гулро бе рӯйи ту ранге нест, __Шамшод хиромон кун, то бод биёроӣ. ___Эй дарди Туам дармон, дар бистари нокомӣ, __В-эй ёди Туам мӯнис, дар гӯшаи танҳоӣ. ___Дар доираи қистмат мо нуқтаи паргорем, __Лутф он чӣ Ту андешӣ, ҳукм он, ки Ту фармоӣ. ___Фикри худу ройи худ, дар олами риндӣ нест, __Куфр аст дар ин мазҳаб, худбиниву худроӣ. ___З-ин доираи мино хунинҷигарам, май деҳ, __То ҳал кунам ин мушкил дар соғари миноӣ. ___Ҳофиз, шаби ҳиҷрон шуд, бӯйи хуши васл омад, __Шодит муборак бод, эй ошиқи савдоӣ. ҲОФИЗ ШЕРОЗӢ. ---
    1 комментарий
    10 классов
    Ҷумалоти зебо аз Ҳазрати Алӣ AЛАЙҲИССАЛОМ! 1. Мардумро бо лақаб садо накунед. 2. Рӯзона аз Худо маъзаратхоҳӣ кунед. 3. Худоро ҳамеша нозири худ бубинед. 4. Лаззати гуноҳро фонӣ ва ранҷи онро тӯлонӣ бидонед. 5. Бидуни таҳқиқ қазоват накунед. 6. Иҷоза надиҳед назди шумо аз касе ғайбат шавад. 7. Садақа диҳед, чашм ба ҷайби мардум накунед. 8. Шуҷоъ бошед, марг як бор ба суроғатон меояд. 9. Саъй кунед баъд аз худ номи нек ба ҷой бигузоред. 10. Динро зиёд сахт нагиред. 11. Бо уламо ва донишмандони боамал иртибот барқарор кунед. 12. Интиқодпазир бошед. 13. Маккору ҳиллагар набошед. 14. Ҳомии мустазаъфон бошед. 15. Агар медонед, касе ба шумо вом намедиҳад, аз ӯ тақозо накунед. 16. Некӯкор бимиред. 17. Худро намояндаи Худо дар умури дин бидонед. 18. Фаҳҳош набошед. 19. Бештар аз тоқати худ ибодат накунед. 20. Раҳмдил бошед. 21. Гиря накардан аз сахтии дил аст. 22. Сахтии дил аз гуноҳи зиёд аст. 23. Гуноҳи зиёд аз орзуҳои зиёд аст.
    1 комментарий
    14 классов
  • Класс
  • Класс
Показать ещё