Предыдущая публикация
Следующая публикация
Закрыть
Свернуть поиск
Сервисы VK
Mail
Почта
Облако
Календарь
Заметки
VK Звонки
VK Почта
ТВ программа
Погода
Гороскопы
Спорт
Ответы
Авто
Леди
ВКонтакте
Ещё
Войти
Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель.
Больше информации
Разрешить все
Настроить
🌹🍃ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН🍃🌹
Подписаться
Пожаловаться
Лента
Темы
26 234
Фото
25 869
Видео
667
Участники
11 561
Популярные темы
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ ШОМУ ШАБИ РАМАЗОНИАТОН БА ХАЙР БОШАД ДУСТОНИ АЗИЗ ШАБИ ЗЕБОВУ ТИНҶУ ОРОМ ВА ПУР АЗ ОРОМИШ ДОШТА БОШЕД. 🌠💥🌠💥🌠💥🌠💥🌠💥🌠 Чӣ шаби зебое хоҳад буд вақте барои дӯстону азизонамон оромишу муваффақият ва саломатӣ бихоҳем ... Бо орзуи шаби ором барои шумо азизон! 🌠💥🌠💥🌠💥🌠💥🌠💥🌠 ШАБАТОН БА ХАЙР !
72 комментария
5 классов
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ ВА РАҲМАТУЛЛОҲИ ВА БАРАКОТУҲ. 🌙Шукри Офаридгор мекунем, ки моро боз ба рӯзи наву субҳи нави Рамазонӣ расонид. ✨Субҳи рӯзи 3-шанбеи Моҳи шарифи Рамазон ба ҳамаи Шумоён азизонам ба хайру пурмеҳр бошад. 🌙Аллоҳи меҳрубон аз ТУ илтиҷо мекунам, зеро лоиқи зориву илтиҷо танҳо ТУ ҳасти. ✨Илоҳо дар ин моҳе ки дорои аз 3 даҳа иборат аст даҳаи Раҳмат, даҳаи Мағфират ва даҳаи озоди аз Оташи Дӯзах ҳамаи мову Шуморо Аллоҳи Бузург ғариқаи раҳмат гардонад. 🌙Илоҳо дар ин моҳи мубораку Бахшиши гуноҳҳо, гуноҳҳои ҳар яки мову Шуморо авф бигардонад. ✨Илоҳо дар ин моҳи қабули Дуо, дуоҳои мо бандагонашро ба даргоҳаш қабул созаду ба ҳамаи орзуву ниятҳои некамон бирасонад. 🌙Аз Аллоҳи меҳрубон умеди онро дорам, ки намозу рӯзаи ҳар яки мову Шуморо ба даргоҳаш қабул намуда, аз савобаш гузаштагонамонро бонасиб гардонаду ва бо нури Имон ва нури Қуръон мушарраф гардонад. 🤲ИЛОҲО ОМИН🤲.
88 комментариев
30 классов
РИВОЯТ Дар замони қадим дар як кишвар шоҳе буд. Рӯзе фарзандаш аз олам чашм пӯшид. Ҳама дар кишвар ғамгин шуданд ва гиря карданд, аммо подшоҳ гиря накард ... Пас аз чанд моҳ ҳамсараш вафот кард. Ҳама ғамгин шуданд ва гиря карданд, подшоҳ гиря намекард ... Рӯзе модари шоҳ аз олам чашм пӯшид. Шоҳ чунон дод мегуфт, гиря мекард, ҳатто бас карда наметавонист ... Пас вазирон ва донишмандон бо ҳайрат пурсиданд; - "Олампаноҳ, вақте ки фарзандатон дунёро тарк кард, гиря накардед. Вақте ки завчаатон аз олам гузашт, гиря накардед. Аммо чаро вақте ки модаратон аз олам гузаштанд, гиряро бас карда наметавонед?! ” Шоҳ дар ҷавоб гуфт: "Кӯдакро ёфтан мумкин аст. Занро ҳам ёфтан мумкин аст, аммо ман шахси барӯманд, меҳрубонеро мисли модар пайдо карда наметавонам. Ҳеҷ кас ҷойи модарро иваз карда наметавонад!" МОДАР ЯГОНА АСТ! ....(?)
2 комментария
17 классов
Барои чи аҷри занҳо дар Рамазон бештар аз мардон аст? ___Чун ба ғайр аз ибодатҳо - намоз, рӯза, тиловат ва зикр, корҳои хона низ як навъ ибодат маҳсуб мешавад. Махсусан омода кардани таъом ва ифтор. ___Ифтор додан ба рӯзадорон дар хона савоб ва ғайри хона, садақа маҳсуб мешавад. Пас хонумҳои хонадор дар ҳангоми корҳои хона, махсусан омода кардани ифтор, ҳамеша ин ҳадиси Паёмбар (с.а.в.) - ро ба ёд оваранд, ки мефармояд: ___"Касе, ки рӯзадореро ифтор диҳад, подоши ӯ монанди подоши шахси рӯзадор аст, бидуни он ки аз аҷри рӯзадор чизе кам шавад". АЗ ҲАР ЗОВИЯ .
2 комментария
21 класс
🤲🏼....Эй кош ҳама моҳ чу моҳи Рамазон буд. 🤲🏼..Эй кош ҳама покдилу покзабон буд. 🤲🏼....Эй кош ҷаҳонро набуд ин қадр касофат, 🤲🏼..Эй кош замин тоза зи бад ҳам зи бадон буд. 🤲🏼....Эй кош пас аз моҳи шарифи Рамазон ҳам, 🤲🏼..Масҷид пур аз саҷдагару тавбагарон буд. 🤲🏼....Эй кош пас аз моҳи шарифи Рамазон ҳам, 🤲🏼..Қалби ҳама аз бухлу адоват ба амон буд. 🤲🏼....Эй кош пас аз моҳи шарифи Рамазон ҳам, 🤲🏼..Ҳарфи хушу дилчасп ҳаме вирди забон буд. 🤲🏼....Эй кош пас аз моҳи шарифи Рамазон ҳам, 🤲🏼..Аз одамият дар дили ҳар фард нишон буд. 🤲🏼....Эй кош пас аз моҳи шарифи Рамазон ҳам, 🤲🏼..Гӯши ҳама муштоқ ба овози азон буд. 🤲🏼....Эй кош пас аз моҳи шарифи Рамазон ҳам, 🤲🏼..Ҳар фард зи аъмоли бади худ нигарон буд. 🤲🏼....То рӯйи замин пур шавад аз хубиву хубон, 🤲🏼..Эй кош ҳама моҳ дақиқан Рамазон буд. Ғайратҷон Ҳотамӣ.
2 комментария
9 классов
ҒОЛИБИ ХАСТАҶОН ___Ба ёди ту чӣ шабҳое, саҳар кардам, ___Чӣ ғамҳое, ки бе ту пушти сар кардам. ___Туро ,эй хокии хокӣ, ба тахти ишқ, ___Зи худ бологузар, болоназар кардам. ___Вафо аз бевафо омӯхтам охир, ___Вафоро дар набарди дил сипар кардам. ___Чӣ исёне, ки бо худ кардаам бе худ, ___Зи сирри хеш оламро хабар кардам. ___Маро ту хоки раҳ кардӣ, амон бошӣ, ___Туро ман тоҷи сар кардам, зафар кардам! ✍️ГУЛРУХСОР. 1979.
1 комментарий
9 классов
▪️▪️🌃🌴🌃🌴🌃🌴🌃🌴🌃🌴🌃▪️▪️▪️ То ранҷ таҳаммул накунӣ, ганҷ наёбӣ, То шаб наравад субҳ падидор набошад. Оҳанги дарози шаби шаби ранҷурии муштоқ , Бо он натавон гуфт, ки бедор набошад. Саъдӣ. ▪️▪️▪️ Ассалому алайкум.... Илоҳӣ, саҳми зиндагиятон иззат бошад.. Ва саҳми қалбатон ҳамеша эҳтиром ! ▪️▪️▪️ Ҳеҷ рӯзе такрор намешавад... Ҳеҷ шабе дақиқан мисли шаби пеш нест.... Ҳеҷ бусае мисли бусаи қабл нест... Ва нигоҳи қаблӣ мисли нигоҳи баъдӣ.... Рӯзҳо ҳама зудгузаранд! Чаро тарс ? Ин ҳама андӯҳи бедалел барои чист ? Ҳеҷ чизе ҳамешагӣ нест ! Фардо ки биёяд, имрӯз фаромӯш шуда аст. ▪️▪️▪️ Агар зиёдӣ эътимод кунӣ ба шумо хиёнат раво мебинанд.... Агар зиёдӣ ошиқ бошӣ, худатро кам хоҳи кард... Агар зиёдӣ фикр кунӣ, афсурда хоҳи шуд... Агар зиёд ҳарф бизанӣ, ҳатман дуруғ хоҳи гуфт... Агар зиёдӣ интизор дошта бошӣ ноумед хоҳи шуд.... Агар зиёдӣ ,аҳмият бидиҳӣ, қадратро намедонанд... Агар зиёд бихурӣ чоқ хоҳӣ шуд... Агар зиёд харҷ кунӣ фақир хоҳи шуд, ояндае нахоҳи дошт.... Агар зиёдӣ нигоҳ кунӣ тамаркузатро аз даст медиҳӣ.... Агар зиёдӣ зиндагиро ҷиддӣ бигирӣ, ҳамаи чизро аз даст медиҳӣ. Паёми достон возеҳ аст : Таъодул калиди як зиндагии ризоятбахш аст... Ҳар чизе, ки зиёд бишавад, метавонад хароб шавад, дар ҳоле, ки таъодул шуморо бар по нигоҳ медорад ва пойдор аст . ▪️▪️🌃🌴🌃🌴🌃🌴🌃🌴🌃🌴🌃🌴🌃▪️▪️ Шаб ба хайр ! ▪️▪️🌃🌴🌃🌴🌃🌴🌃🌴🌃🌴🌃🌴🌃▪️▪️
69 комментариев
17 классов
МАРД ҲАМ ГИРЯ МЕКУНАД,АММО ФАҚАТ БАРОИ МОДАР Нав офтоб аз паси кӯҳҳо баланд мешуду ба нармӣ рӯи хоки кӯҳнаи деҳаро бо меҳр сила мекард, аммо дар дили кӯдаке, ки назди хонае фурӯ рафта менишаст, ягон гармие набуд. Ӯ Диловар буд. Диловар – писари ҳафтсолае, ки дар ин субҳ ҳама чизро гум карда буд. Даруни ҳавлӣ модари ӯ хобида буд, хобе абадӣ. Одамони деҳа гирд омада буданд. Яке зор мегирист, дигаре оҳи вазнин мекашид. Вале барои Диловар ҳама чиз якранг буд. Ӯ ҳанӯз намефаҳмид, ки чӣ шудааст, аммо медонист: модараш дигар ӯро бедор намекунад, бо дастони нармаш рӯяшро намесояд ва бо лабони гармаш "Диловари модар!" намегӯяд. Шаб модараш дар оғӯшаш буд, бори охирин ӯро ба синааш зер карда буд. «Натарс, писарам! Модар ҳамеша бо туст…» гуфта буд. Ва субҳ, вақте ки Диловар чашм кушод, модараш хомӯш буд. Аз ҳамон рӯз дунё дигар шуд. Диловарро ба хонаи тағояш бурданд. Дар ин хона ҳама чиз буд: хӯроки гарм, бистари нарм, сару либоси нав. Аммо дар ин хона меҳре набуд. Диловар зуд калон мешуд, вале дар ҳар гӯшаи зиндагӣ чизеро меҷуст, ки гум карда буд. Ҳар боре, ки кӯдаке аз оғӯши модараш механдид, чашмони ӯ пур аз ашк мешуданд. Ҳар боре, ки зане фарзандашро "ҷони модар!" гуфта садо мекард, дилаш месӯхт. Ӯ меҳрубонии модарро дар чашмони тағояш, дар суханони аммааш, дар оғӯши муаллимаш меҷуст. Вале касе наметавонист он меҳре бошад, ки Диловар мехост. Солҳо гузаштанд. Диловар бузург шуд, соҳиби донишу хирад гашт. Ӯ кор кард, заҳмат кашид, муваффақ шуд. Аз деҳа ба шаҳр рафт, тиҷорат пеш бурд, сарватманд гардид. Ҳама ӯро мешинохтанд, ӯро ҳурмат мекарданд. Вале дили ӯ ҳамоно холӣ буд. Боре шомгоҳон, вақте ки дар хонааш танҳо менишаст, чашмаш ба сурате афтод. Он суратро солҳо нигоҳ медошт, вале ба он кам нигоҳ мекард – сурате аз модараш. Дилаш фиғон зад. Гӯё гуле буд, ки тӯли ин солҳо хушк мешуд ва ҳоло мехост худро бишкофад. – Модар! – беихтиёр нолиш кард ӯ. Гӯё тамоми дард, тамоми танҳоиаш, тамоми ҷустуҷӯяш дар ин як сухан ҷамъ омад. Ҳамин лаҳза фаҳмид: тамоми умр сарват ҷамъ карда буд, тамоми дунёро гирифт, вале он чизе, ки ҷустуҷӯ мекард, танҳо дар як кас буд – дар модар. Ӯ ба дарича нигарист. Шаб буд, осмон пур аз ситора. Гӯё модараш ба ӯ нигоҳ мекард. Ва бори аввал пас аз солҳо, мисли он ки ҳамон кӯдаки ҳафтсола бошад, ӯ бо садои пасту ларзон гуфт: – Модар, маро бубахш... Оромии аҷибе ба дилаш нишаст. Гӯё дигар чизеро ҷустуҷӯ кардан лозим набуд. Чунки медонист: модараш ҳамеша бо ӯст. ФАРАҲБАХШ.
2 комментария
11 классов
2 комментария
41 класс
☀️📔🌼📔🌼📔🌼📔🌼📔☀️ Ассалому алайкум.... Худоё !... Танҳо даре, ки ҷовидона соҳибхона бо меҳр мекушояд хонаи туст.... Бубахш агар фақат дармондаем, ба суроғат меоем.... Зоти мо инсонҳо ҳамин аст. Онқадр бузургворӣ, ки мегӯӣ, бихоҳед то бароварда кунам. Имрӯз барои тамоми бандагонат саломатӣ ва вақти хуш ато фармо !.... Худоё !.... Дар гулистонат ҳамаи хорҳо шокир ба гули шукуфтарӯи худ ҳастанд ва тамоми гулҳо қонеъ ба хори худ. Ин аст расми бандагони шукргузор. Ту дар дили нобовариҳо, ҳамеша базре аз умед мекорӣ, то сабз шудаву бишкуфад Ва сар ба фалак бикашад. Дам ба дам шукрат ! ☀️📔🌼📔🌼📔🌼📔🌼📔☀️ Як чизҳое, ки агар бирезад, бо ҳеҷ чизе намешавад ҷамъашон кард... Мисли обрӯи одамҳо. Як чизоеро агар бихурӣ, бо ҳеҷ чиз наметавонӣ пас бидиҳӣ... Мисли моли бачаи ятим.... Мисли моли фуқаро ! Як чизҳоеро он тарзе ки қадрашро намедонем; Ҳеҷ вақт.... Мисли падар, мисли модар. Як чизҳоеро ҳам намешавад тағир дод; Ҳеҷ вақт.... Мисли гузашта , гузаштаҳо. Як чизҳоеро бо ҳеҷ пуле намешавад харид.... Мисли муҳаббат. Ва як чизҳоеро набояд аз даст дод: Ҳеҷ вақт.... Мисли дӯстони воқеиро ! ☘️🌸☘️🌸☘️🌸☘️🌸☘️🌸☘️ Чи зебо мешуд ин дунё ,каме ҳам бовафо бошем, Набошад рӯзгоре ки намак бар захми ҳам пошем. Чи зебо мешуд ин дунё, наояд ашки маҳруме, Замину осмон ларзад, зи оҳу дарди мазлуме. ☘️🌸☘️🌸☘️🌸☘️🌸☘️🌸☘️ Субҳи зебоятон пур аз фараҳ ва файзи Илоҳӣ бод! 🌳🌹🌳🌹🌳🌹🌳🌹🌳🌹🌳
65 комментариев
18 классов
Фильтр
Всё
Увлечения
Закреплено
🌹🍃ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН🍃🌹
16:20
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ
...
5 классов
72
0
Класс
🌹🍃ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН🍃🌹
08:45
✨🦋✨Дар моҳи Рамазон набояд 3 соатро аз даст дод, яъне ҳар рӯз дар моҳи Рамазон се соат аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд аз даст бидиҳед:
...
12 классов
Комментировать
0
Класс
🌹🍃ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН🍃🌹
06:17
Дил мераваду нест касе додраси мо,
...
5 классов
Комментировать
0
Класс
🌹🍃ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН🍃🌹
05:45
Мақоми васл ноёб аст, роҳи саъй нопайдо,
...
4 класса
Комментировать
0
Класс
🌹🍃ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН🍃🌹
05:31
Тамом гашту музайян шуд ин хуҷаста макон,
...
2 класса
Комментировать
0
Класс
🌹🍃ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН🍃🌹
04:45
✨Барбанд даҳон аз нон, к-омад шакари рӯза,
...
9 классов
Комментировать
0
Класс
🍃 ❀☪ Нαςթนн ☪ 🍃
03:22
🤲🏼....
9 классов
2
0
Класс
🍃 ❀☪ Нαςթนн ☪ 🍃
03:21
ҒОЛИБИ ХАСТАҶОН
...
9 классов
1
0
Класс
🍃 ❀☪ Нαςթนн ☪ 🍃
03:21
Барои чи аҷри занҳо дар Рамазон бештар аз мардон аст?
...
21 класс
2
0
Класс
🍃 ❀☪ Нαςթนн ☪ 🍃
03:20
___Як рӯз, чашм боз мекунӣ ва мебини азизтарин одами зиндагиат, дигар нест!
...
12 классов
Комментировать
0
Класс
загрузка
Показать ещё
Поиск по темам в группе
Напишите, что Вы ищете, и мы постараемся это найти!
Левая колонка
О группе
Ассалому алайкум , дустон .... Мархаммат ба гурухи ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН ...Ба дигарон хам ин гурухи моро тавсия дихед... Мехохам ин гурух оинае бошад , ки хама чурму нуксонхову камиву костихоро намоён созад ва хамагон аз паи тозаву пок сохтанаш бошем ....Аз худ шуруъ намуда , рафтору гуфтору кирдори худро дар чорчубаи адаб рост бинмоем ва бо хикояву таронаву суханхои тарбияви рохнаварди дигарон бошем.....
Показать еще
Скрыть информацию
Участники
11 561
Все участники
😂B U Y D O Q😂
Лена
Юлия
Екатерина
ааааа
Лариса
Константин
Zоir
Б Е
Mavluda
Gagik
Фото из альбомов
Все
Подписаться
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Войти
Зарегистрироваться