Бохирад марде бари фарзанди худ,
Аз сари фазлу ҳунар гуфт: Ай писар.
Хуш пазиро ҳар чӣ гӯяд пири ҳақ,
Марди роҳ бошӣ, агар ҷони падар.
Аз фароиз баҳравар шав дар амал,
Арзиши онро надорад симу зар.
Луқмаи пок дон нишоти зиндагӣ,
Хатми кор омад, набошӣ хунҷигар.
Ошиқонро шевани шому саҳар,
Файз бахшад бар лабу ҷону ҷигар.
Суҳбати марди худо бишнав даме,
Аз калому ҳарфи эшон баҳравар.
Аз пайи ҷоҳил равӣ, ҷоҳил шавӣ,
Аз ҳама неши сухан бинмо ҳазар.
Офате дорад забон, андеша кун,
То ба сар н-орӣ балое бехабар.
Пурсише н-ояд туро, лаб во макун,
Тӯтивор ҳарфе магӯ аз хайру шар.
Дур зи маънӣ бошадат ҳарфу сухан,
Хап нишину гӯш кун, ҷони падар.
Пеши бедардон гиребонро мадар,
Оҳи мазлум кай ба санг орад асар?
Доғи навмедӣ фитад бар ҷони ту,
Амри ҳақ дон, пеши кас ҳоҷат мабар.
Мушкиле дори, азобат медиҳад,
З-олами боло дуъо гир, ай писар.
Дӯсти ҷонӣ дон ҳамонро, эй писар,
Аз шикасту шодият дорад хабар.
Файзи ҳақ хоҳӣ ба сар, касби савоб,
Бар сари болини беморе гузар.
Ҳар гаҳе майли сафар дори ба дил,
Кун таваккул бар Худо, ҷони падар.
Пок бош, аз тамаъ дурӣ биҷӯй,
Аз бало бинмо умре ту ҳазар.
Боби эҳсон гашта во бар рӯи ту,
Лутфу эҳсон бе риё дор аз назар.
Дон яқин бо худ, ки дорад ҳикмате,
Талху ширин он чӣ меояд ба сар.
Ҳастии мо хотири хост аз Худост,
Ёди Ҳақ афзун кунад нури басар.
Баҳри тоъат офарида инсу ҷин,
Маънӣ бардошта аз он хайрул башар.
"Фазкурунӣ"-ро ба худ гир ҳамсафар,
Зикри зоти пок кун, шому саҳар....
Аз саҳифаи Саид Мирзо Шариф
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев