Предыдущая публикация
Ҳамонҳое , ки ҳақамро ба ноҳақ ҷо ба ҷо карданд .
Дилам хун аст аз дасти азизонам , на аз душман ,
Намедонӣ азизонам бо қалбам чиҳо карданд .
Задам бар синаам санге касонеро , ҳазор афсӯс ,
Миёни лашкаре аз ғам маро танҳо раҳо карданд .
Ҳамонҳое , ки рӯҳамро ба ҳар захми забон куштанд ,
Ва дидам дар азои ман , ба тан рахти азо карданд .
Ба ғорат рафта дину эътиқоду боварам , ай дӯст ,
Маро шармандаам пеши Худо , халқи Худо карданд.
Чӣ мехоҳӣ бигӯям , аз қазоватҳои ин мардум ,
Маро ангуштнамо пеши ғарибу ошно карданд .
Пурам аз ҳарфи ногуфта , касе санги сабурам нест ,
Ва лаънат бар касоне , ки маро аз ман ҷудо кардан ......
ВАЛӢ НАЗАРӢ...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1