Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи Шумо ва кулли мардуми кишвари азизамонро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат ва файзу баракатро таманно менамоям.
Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент - садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд.
Ҳамзамон 16 ноябри соли 1992, яке аз воқеъаҳои муҳими таърихи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки мо дар арафаи 30-солагии таҷлили он қарор дорем.
Маҳз ҳамин иҷлосия, оғози наҷоти давлатдории миллии тоҷик аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, якпорчагӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гашта, тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик - таҳаммулпазирию башардӯстӣ, қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозии онро собит созад.
Имрӯз гуфта метавонем, ки агар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомали Раҳмонро ба сари қудрат намеовард, барқарории Истиқлоли давлатӣ, ободии ватан ва таъмини шароити арзанда барои сокинон дар гумон буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рузҳои аввалини ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан, дар Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам.
Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.
Ин абармарди таърих аз оғози фаъолияти хеш баҳри ба даст овардани ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ва расидан ба ин рӯзи босаодат ҷаҳду талош намуда, мушкилиҳои зиёдеро паси сар карданд, ки таърихи давлатдории навини мо онро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсияти хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ҷудонашаванда дорад.
Истеъдоди худододи ояндабинӣ намудани ҳодисаю равандҳо, қобилияти дар атрофи худ ҷамъ кардани мардуми кишвар, истодагарӣ дар самти татбиқи мақсадҳои худ, хусусиятҳои волои инсонӣ марбут ба Пешвои миллат мебошанд, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияташон ба ҳайси Сарвари давлат ба ҳимояи манфиатҳои миллату Ватан ба кор бурданд.
Ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи Пешвои муаззами миллат барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва дар равандҳои зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир рақобатпазиру дар арсаи байналмилалӣ шинохташудаву ташаббускор, табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард.
Ба нақшу мақоми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳ дар Тоҷикистон ва аҳамияти сулҳи тоҷикон дар таҳкими суботу амният дар минтақа чеҳраҳои намоёни сиёсӣ, сиёсатмадорон, дипломатҳо, созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ баҳои баланд додаанд.
Ҳозирини гиромӣ,
Имрӯзҳо дар фазои сулҳу субот, дар партави дастуру супоришҳои созанда, дурандешона ва ободкоронаву созандаи Пешвои муаззами миллат барои ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ истиқбол намудани ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони хушбахти Тоҷикистон сарбаландона меҳнат карда истодаанд.
Бовар дорам, ки мардуми Тоҷикистон минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон камари ҳиммат баста, фаъолияти созандаву бунёдкорона таҳким мебахшанд.
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон абадӣ боқи мемонад.
Барои кишвари мо ва сокинони он асолати таърихии хешро иҷро намуда, барои рушди бесобиқаи Тоҷикистони азиз ва фардои неку дурахшони Ватан, ҷоннисориҳо карданд.
Миллати тоҷик ва сокинони ин сарзамин. номи ин фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами моро ҳамчун ливои майдони муборизаву бархӯрд истифода менамоянд ва доим зафарёбанд.
Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба муносибати ҷашни 30-юмин солагарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаркбод намуда, ба ҳар яки Шумо сиҳатмандӣ, рӯзгори ободу осуда ва комиёбиҳои беназирро орзумандам.
Тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев