🔸 Матни пурсиш:
Агар лаън кардани қотилон ва душманони аҳли байт муҷиби бурузи ихтилоф бо бародарони аҳли суннат ва ҷамоъат шавад, ҳукм чист? Дар зиёрати ошуро ба сароҳат аз бархӣ аз онҳо ном бурда шудааст. Бисёрӣ аз аҳли суннат ва ҷамоъат, Язидро ба унвони халифаи муслимин мӯҳтарам медонанд. Бархӣ аз олимонашон мисли имом Муҳаммади Ғаззолӣ низ лаъни Язид ва лашкариёнашро ҷойиз намедонанд ва мӯътақиданд ки мумкин аст Худованд онҳоро бибахшояд!
🔸 Матни посух:
Аҳли суннат ва ҷамоъат, лаъни ҳеч як аз саҳобаро ҷойиз намедонанд, вале нисбат ба лаъни дигарон, хусусан ҳаргоҳ қотилон ва душманони аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бошанд, ҳассосияте надоранд, бал гуфта шудааст ки онон бар ҷавози лаъни касе ки Ҳусейн алайҳи саломро кушта ё ба куштани ӯ амр карда ё ба он иҷоза дода ё ба он розӣ шудааст, бидуни тасриҳ ба номи Язид, иттифоқи назар доранд[1] ва танҳо ихтилофашон дар ҷавози лаъни Язид бо ном бурдан аз ӯаст. Бо ин ҳол, қавли машҳур аз Аҳмад ибни Ҳанбал (д.241қ) ҷавози лаъни Язид бо ном бурдан аз ӯст; Зеро ривоят шудааст ки ба фарзандаш гуфт: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/4067/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев