🔸 Матни пурсиш:
Дар бораи сувгворӣ барои аҳли байти Расули Худо (с) чанд савол дорам ки дар гуфтори алломаи Хуросонӣ ҷавоби онҳоро наёфтам:
1 . Хондани зиёрати Ошуро саҳиҳ аст ё хайр? Оё санадияти он аз имомони аҳли байт сиҳҳат дорад? Бархӣ онро ҳадиси Қудсӣ медонанд.
2 . Ҳукми қамазанӣ чист? (теъдоди каме аз уламои шиъа онро ҷойиз медонанд!)
3 . Ҳукми коҳгил молидан ба сар ва сурат чист?
4 . Пиёдаравӣ дар қолиби дастаҷоти азодорӣ чи ҳукме дорад? (дар Эрон бисёр марсум аст.)
5 . Инки гуфта мешавад барои имом Ҳусейн (а) бояд ашъори ҳамосӣ суруда шавад ва дар рӯзи Ошуро шӯр ба по шавад то бо аъмоли банӣ Умайя муқобила шавад чи масодиқе дорад? (аллома Хуросонӣ ҳам шеърсаройиро таъйид фармудаанд.)
6 . Оё ҳазрати Маҳдӣ (а) ҳам дар азодориҳои расмӣ ширкат мекунанд? (тибқи гуфтаи бисёрӣ аз уламо)
🔸 Матни посух:
Бародари арҷманд!
Посухи пурсишҳои шумо бо риъояти тартиби онҳо ба қарори зер аст:
1 . Ровии зиёрати мавсум ба Ошуро, «Алқама ибни Муҳаммади Ҳазрамӣ» аст ки мардӣ маҷҳулул ҳол аст. Ба илова, зиёрати мазкур бо ду тариқ аз ӯ ривоят шуда ки ҳар ду тариқ дар назари риҷолшиносон заъиф аст; Зеро дар як тариқ ки тариқи ибни Қуливайҳ дар китоби Комилул Зиёрот[1] аст, касоне монанди «Муҳаммад ибни Мӯсоӣ Ҳамадонӣ» воқеъ шудаанд ки муттаҳам ба ғулув, дурӯғгӯйи ва ҷаъли ҳадис ҳастанд ва дар тариқи дигар ки тариқи Абу Ҷаъфари Тувсӣ дар китоби Масобиҳул Мутаҳаҷҷад[2] аст, «Ақаба ибни Қайс» воқеъ шуда ки маҷҳул аст. Бо ин васф, зиёрати мазкур саҳиҳул иснод маҳсуб намешавад, ҳар чанд бештари мазомини он аз ҳайси маъно ишколе надорад.
2 . Ҷаноби аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, занҷирзанӣ ва синазаниро бидъат ва бар хилофи шариъат донистааст ва аз инҷо дониста мешавад ки қамазанӣ ба тариқи авло ҳаром аст. Танҳо чизе ки дар ривояти саҳиҳ ва мутавотир ба он суфориш шуда, зикри мусибати имом Ҳусейн ва гиристан ба ӯст ва ҳар кас чизеро бар он меафзояд, маъҷур нест, балки чи басо гуноҳкор мешавад. ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/4065/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев