Духтараке бо номи Амина аз мадраса ба хона бармегашт. То ба хонаашон расидан ду рох меистод. Яке рохи дароз буду дигаре рохи кўтох. Рохи дароз бехатару хамеша серодам буд. Рохи кўтох бошад аз байни боѓи истирохати мегузашт. Вале доимо хавфноку вахмангез буд. Чун торииї фаро мерасид. Амина рохи кўтохро интихоб намуд. Хангоми рохгардиаш эхсос кард, ки касе аз паяш омада истодааст. Ба ќафо нигаристу марди бадхайбати чашмонаш ночоеро диду ба дилаш ларза фитод. Чунки медонист, ки оне ки имон надорад, аз чизе намехаросад. Насихатхои модари такводораш ба хотираш расиданду у зери лаб такрор ба такрор сураи Ёсинро хондан гирифт. Харчанд Амина ин замон аз тарс дир-дир ларзад хам иродаашро ба даст гирифту аз Худо дар дил талаб намуд, ки дар панохаш нигах дорад. Мард тез- тез ќадам монда уро пешгир намуд. Вале аз чи бошад, ки ба ў нигаристу тайѓир ёфт ва салом дода гузашта рафт. Амина ба хона сихат саломат расида омаду ба модараш воќеаро наќл карда дод. Модар ашкрезон уро ба оѓуш кашида дам ба дам шукр аз Худо мекард. Пас аз ним соат хамсоязан доду фарёдкунон ба кўча баромад. Модари Амина хам давида баромад. Асли фочеа чунин будааст. Духтари хамсоя хам рохи осонтарро интихоб карда ба хона баргаштани шудааст. Вале дар рох бо ин марди хунсарду хайвонсират рубару мешаваду мард бо тариќи зуроваиї ба ў дарафтода номусашро доѓдор мекунад. Хатто уро зери шаттаву шаллоќ мегирад. Духтаракро бехушу беёд ба беморхона мебаранд. Пас аз ду рўз барои шинохтани чинояткор Аминаро хам ба додгох даъват менамоянд. Амина зуд чинояткорро шинохт. Чинояткор хам уро шинохта гуфт :-Ман аввал мехостам, ки ин духтаракро пешгир намоям. Вале аз ду тарафи ў ду марди ботану тўши ќадбаландро дида тарсидам. Барои хамин саломашон додаму ба рохам равона гаштам.Амина ќасам хурд, ки ў тамоман танхо буд. Вале модар шукркунон гуфт :-Духтарчон, ту танхо набуди, бо мучизаи Худованди туро сураи Ёсин мададгор шуд.Аз чор тарафат мисли хайкал туро дар шакли одам мухофизат карданд. Барои хамин субху шом Ёсин бихон.
    4 комментария
    37 классов
    Чаро 18000 олам мегуянд?
    13 комментариев
    4 класса
    1 комментарий
    6 классов
    2 комментария
    15 классов
    97.Ворис: маънояш Вориси ҳама мавҷудоту махлуқот
    7 комментариев
    7 классов
  • Класс
Фото
Фото
  • Класс
Показать ещё