Садриддин Наҷмиддин: Пушаймонам, ки қории Қуръон нашудам
Овозхони саршиноси муҳоҷири тоҷик Садриддин Наҷмиддин, ки ҳоло дар Аврупо ба сар мебаранд, дар суҳбат бо хабарнигори афғонистонӣ Фотима Муҳсинӣ аз розҳои зиндагии хусусӣ, кор дар ғурбат ва сабабҳои асосии аз кишвар рафтанаш лаб кушод. Ӯ сабаби асосии тарки Тоҷикистон карданашро масъалаи сиёсӣ унвон кард ва гуфт, ки ман аз гуфтани ҳақиқати ин масъала “ҳамеша мегурезам” ва дӯст надорам дар ин маврид суҳбат кунам.
Садриддин Наҷмиддин бо Фотима Муҳсинӣ дар Олмон суҳбат кард ва ҳафтаи гузашта консерти ҳунарӣ дар ин кишвар баргузор кард. Ӯ дар суҳбат бо ин хабарнигори афғонистонӣ аз лаҳзаҳои нахустини кори ҳунариаш, мушкилот ва роҳ ёфтан ба бозори мусиқии ҳамзабонон, фарзандон, ҳамсар ва дигар мавзуъҳои муҳими ҳаёташ сухан гуфт.
Фотима Муҳсинӣ: Ман ба ин ҷо ба дидани Садриддин омадем. Садриддинро мо ба ҳайси як ҳунарманди шод ва пуринержӣ мешисонем. Аммо ӯ барои аввалин бор аст, ки дар бораи ҷанбаҳои ҷанҷолии корӣ худ суҳбат мекунад.
Садриддин Наҷмиддин дар ин мусоҳиба таъкид кард, ки аз кӯдакӣ шавқи сурудхонӣ дошт ва ҳамеша дар назди аҳли хонавода суруд мехонд. Ин шавқу алоқа ниҳоят ӯро водор кард, ки дар саҳнаҳои бузургтар – маросими тӯйи хешу табор овозхонӣ кунад. Ӯ мегӯяд, ки нахустин сурудашро ба шакли ҳирфаӣ дар соли 1993 дар студио сабт кард. Ба гуфтаи ӯ, шеър ва оҳанги ин суруд аз худаш аст. Шеърашро бобояш ба ӯ хондаву ташвиқ кардааст, ки ин шеъри бобозургат аст ва бояд онро бихонӣ. Соли 1993 аввалин бор Садриддин Наҷмиддин ин шеърро оҳанг баста, мехонад:
“Аввалин оҳанги худро соли 1993 дар студио сабт ва хондам. Шеъри онро падарбузурги маро, падараш навишта буд. Ёд дорам, ки падарбузургам китобро боз кард, гуфт як шеър медиҳам, бихон. Падарбузургам онро аз хати форсӣ хонд, ман ба хати русӣ навиштам ва оҳанг баста иҷро кардам. Ин аввалин оҳанги ман ба ҳисоб меравад. Аз ҳамон вақт мехостам ҳунарманди машҳур бошам, он вақт бисёр “хун дар ҷӯш” будам”, - мегӯяд ин ҳунарманди муҳоҷир.
Садриддин Наҷмиддин мегӯяд, аввалин бор дар соли 1993 ба хотири ёдбуди шодравон Кароматуллоҳ Қурбон озмун баргузор шуд, ки барои нахустин бор дар рӯйи саҳна дар синни 13 овозхонӣ кард: “Ман дар он ҷо кӯшиш кардам, ки овоз бихонам. Бисёриҳо – аз модараш шуруъ карда, дӯстони дигар, ки дар он ҷо буданд, чӣ дар студио кор мекарданд, чӣ дар телевизиён ба ман кӯмак карданд, ки дар ин мусобиқаи овозхонӣ иштирок кунам. Иштирок кардам ва муваффақ ҳам шудам. Ин дарвозаи аввалин буд, ки барои ман боз шуд. Ҷолиб он буд, ки аз ҳама хурдсолтарин иштирокдор дар озмун ман будам. Чун ман 13 сол доштам, дигарон аз бист боло буданд. Яъне ман ба хотири ин ки маро ба озмун қабул кунанд, дурӯғ гуфта будам, ки ман 14-сола ҳастам. Дар ҳақиқат, ман 13-сола будам. Он ҷо меъёре буд, ки аз 14-сола иҷозаи иштирок дорад. Вақте аввалин бор дар саҳна иҷро кардам, бисёр баҳои хуб аз тарафи ҳакамон гирифтам ва ба марҳилаи баъдии озмун роҳ ёфтам”.
Ҳамчунин, мегӯяд, ки падар ва аъзои оила хеле ӯро ташвиқ ба овозхонӣ мекарданд. Ба нақли ӯ, дар яке аз тӯйҳои хешовандон падараш аз ӯ қатъан мехоҳад, ки суруд хонад ва ӯ нахустин бор дар ҳузури ҷамъе аз иштирокдорони тӯй овозхонӣ мекунад. Баъд аз он роҳи ӯ боз мешавад ва дар тӯйҳо сурудхонӣ мекунад.
Ӯ дар бораи нашри аввалин албом ва маъруф шуданаш дар байни Афғонистон қисса мекунад ва мегӯяд, ки шоири афғонистонӣ Ҳоруни Роъун саҳм гузошт, то ӯ дар ҷомеаи афғонистонӣ маъруфият касб кунад: “Ростӣ, соли 2000 аввалин албоми ман дар Тоҷикистон гул кард, яъне ман машҳур шудам. Баъди он як шоири бисёр хуб аз Афғонистон, ки бо ҳунармандон суҳбат меорост, бо ман суҳбат карда, дар телевизиёни “Тулуъ” нашр кард. Он суҳбат бисёр хотирмон буд. Баъди он мусоҳиба таваҷҷуҳ кардам, ки ҳар афғонистоние, ки ба Тоҷикистон меомад, маро мешинохт ва бо ман акс мегирифт”.
Ӯ дар солҳои ибтидои ҳукумати Ҳомид Карзай нахустин бор бо даъвати дӯстонаш ба Кобул аз роҳи заминӣ сафар мекунад ва ин лаҳзаҳоро дар суҳбат нақл мекунад. Ӯ мегӯяд, ки аввал қарор буд, бо ҳавопаймо сафар кунад, вале баъд даъваткунандагон ӯро бо роҳи заминӣ ба Кобул бурданд. Садриддин Наҷмиддин мегӯяд, яке аз орзуҳояш сафар ба Афғонистон ва зиёрати мақбараи Аҳмад Зоҳир буд, ки ниҳоятан ба ин орзуяш расид: “Наврӯз буд ва дилам мехост як дафъа биравам, бибинам ин кишвари зеборо, ки дар он шахсиятҳои бузурге рушд кардаанд. Яке аз он инсонҳои бузург Аҳмад Зоҳир буд. Ҳамеша орзу мекардам, ки Афғонистон биравам ва мақбараи ӯро зиёрат кунам”, - мегӯяд ин ҳунарманд.
Фотима Муҳсинӣ, муҷрии барнома аз ӯ мепурсад, ки ба интиқодҳои баъзе мухислонаш дар Тоҷикистон, ки мегӯянд Садриддин Наҷмиддин “бегона” ва “бегонапараст” шудааст, чӣ посух дорад? Садриддин Наҷмиддин мегӯяд, ки ҳар куҷое равад, худро тоҷик ва тоҷикистонӣ медонад:
“Дар шаҳри Душанбе ба дунё омадам. Ватани ман Тоҷикистон аст. Ман ҳеч гоҳ асли худро фаромӯш намекунам. Ман танҳо ҳунари худамро пеш мебарам ва дар ҳар ҷойе ҳунарнамоӣ кунам, мегӯям тоҷик ҳастам. Як чиз ҳаст, ки мегӯянд ҳунар сарҳад надорад. Ман кӯшиш мекунам, бесарҳад бошам. Онҳое, ки чунин шарҳҳо менависанд, фикри шахсии худашон аст”.
Садриддин Наҷмиддин дар хусуси ин ки кадом аъзои оила тарафдори сурудхонии ӯ ва кӣ зид буд, қиссаи муфассал карда, мегӯяд, ки модараш ӯро бисёр ташвиқ мекард ва ҳатто як акардиони кӯчак ҳам барояш харида буд. Аммо падарбузургаш мухолифи сурудхониаш буд ва мегуфт, ки бояд қории Қуръон шавам: “Ёд дорам, як рӯз дӯстони падарбузургам ба хона омаданд ва ман бо акардион суруд мехондам. Падарбузургам ба дӯстонаш гуфт, мешунавед садои ин бачаи маро. Онҳо гуфтанд чӣ қадр хуб мехонад. Ӯ гуфт, ман ӯро қории Қуръон мекунам, баъд мебинед. Ҳамин суханонаш дар ёдам ҳаст. Вақте ман дар тӯйи хешу таборҳо хондам, фаҳмид гуфт, гуфт накун ин корро. Ман намехоҳам ту ин корро кунӣ. Далелаш ин буд, ки вақте худи падарбузургам дар ҷавонӣ мехост овозхон шавад, падараш намонда буд. Гуфта буд, дар оилаи мо ҳеч кас ин корро намекунад ва ту ҳам бояд накунӣ. Ба ин хотир падарбузурги ман ҳунарманд нашуда буд. Бисёр садои хуб дошт. Қуръон тиловат мекард, одам гиря мекард. Мехост ман ҳам Қуръонро аз худ кунам. Ва ман пӯйшамонам, ки ҳарфи падарбузургамро гӯш накардам. Агар ман он вақт Қуръонро ҳифз мекардам, ба фоидаи худам буд”.
Садриддин Наҷмиддин дар ин суҳбат мегӯяд, ки агар бори дигар зиндагиро аз нав оғоз мекард, ҳеч вақт овозхон намешуд. Зеро ин роҳ мушкилот ва душвориҳои зиёд дорад ва ҳар кас онро бардошт карда наметавонад ва мегӯяд “намехоҳам ҳеч фарзандам ҳунарманд шавад, бисёр осон нест”.
Фотима Муҳсинӣ аз ӯ дар поини барнома мепурсад, ки далели аслии аз Тоҷикистон рафтани ӯ дар чист. Садриддин Наҷмиддин дар посух мегӯяд: “Бисёр чизҳо ҳаст, ман ҳамеша аз ин суол мегурезам. Намехоҳам бигӯям. Шояд вақташ ояд, зарурат нашавад, бигӯям”. Вале дар пурсиши боисрори дувумбораи Фотима Муҳсинӣ, ки мегӯяд далели аслиаш сиёсӣ буд ё оилавӣ Садриддин Наҷмиддин ба далели сиёсӣ ишора мекунад.
Садриддин Наҷмиддин ҳунарманди саршинос ва маҳбуб ҳоло дар Конодо кор ва зиндагӣ мекунад ва дар ибтидои соли нав дар як қатар кишварҳои аврупоӣ консерҳои ҳунарӣ иҷро кард. Ӯ ҳунарманди тоҷикест, ки чандин суруд ба сабки эронӣ низ иҷро кардааст ва дар байни мардуми Эрон ва Афғонистон хеле маҳбуб аст ва ҳаводорони асосиаш дар кишварҳои ғарбӣ низ асосан онҳоянд.