Намеёбам чу дармоне зи дорухонаи айём, Табиберо чӣ сон гӯям, ки ҷонам дард дорад, дард!?
    0 комментариев
    0 классов
    Марде як писар дошт, шӯху ниҳоят душвортарбия. Рӯзе набуд, ки он наврас бо касе ҷангу дашном накунад. Дар охир барои тарбият ёфтан писарро назди пири рӯзгордидае бурд, то тарбияти фарзандашро ҳамчу устод қабул кунад. Дар рӯзи аввал устод ба шогирд як каф мехро дод ва гуфт: Ҳар бадие, ки ба мардум мекунӣ баробараш якто аз ин мехҳо ба ана ҳамин сутун бикуб. Ҳаракат кун, то мехкубиат кам шавад. Дар рӯзи аввал шогирди душвортарбия 18 мех ба сутун куфт. Рӯзҳо мегузаштанд, то рафт мехкубӣ кам мешуд. Ниҳоят рӯзе расид, ки ҳоҷат ба мехкубӣ намонд. Ва шогирд аз ин ҳол устодро бохабар кард. - Хело хуб, - гуфт устод - акнун бирав ҳамаи мехҳои куфтаатро баркану маро фарёд бикун. Шогирд чунин кард. У
    0 комментариев
    4 класса
    Дўстро дар танҳоӣ таъна бизан, дар назди умум таъриф бикун! © Солон Дўстро дар танҳоӣ таъна задан ин эътибори дўстро нигоҳ доштан аст. Ин нишон медиҳад, ки ба ин дўст эҳтиром доред ва ин дўстиро бо ин шахс муҳим мешуморед. Дўстро дар назди умум таъна зада, камбудии ўро гуфтан, дўстро боиси хандахарош ва мазаммати умум кардан, маънои онро дорад, ки дўстро аз даст додед, ки ин тариқати дўстиро дар ин ҳолат вайрон кардан аст. Дўстро дар танҳоӣ таъриф кардан маънои он дорад, ки шумо дўстиатонро аз дигарон пинҳон менамоед ва он дўст пеши шумо эътибор надорад. Дар пеши умум таърифи дўст ин дўстиро пеши ҷомеа нишон додан ва ба қадри дўстӣ расидан аст.
    0 комментариев
    1 класс
    Ба забонат имконият мадеҳ, ки аз андешаат пешдастӣ кунад! © Фукидид Одатан оқил аввал андеша мекунад, сипас даҳан ба сухан во менамояд. Ҳамеша андеша кардан бояд пеш аз гуфтор бошад. Сухани беандеша хом ва каломи нолоиқ аст. Сухан кардан инсонро барои дигарон ва ҷомеа муаррифӣ мекунад. То инсон сухан накунад, айбаш, ҳунараш пинҳон аст ва бо сухан кардан инсон худро ба дигарон шинос менамояд. Агар сухан кардан ин муаррифии шахс бошад, андеша кардан ин суфта ва равшан, фаҳмо кардани каломи шахс мебошад. Онҳое, ки бе андеша сухан мекунанд, бо сухани худ ба ҳадаф намерасанд, зеро танҳо гуфтори боандеша шахсро аз ҷиҳати мусбӣ муаррифӣ менамояд ва сухани он шахс ба ҳадаф мерасад!
    0 комментариев
    1 класс
    Дўстонро мо дар он ҳолат ба даст меорем, ки аз онҳо кўмак намепурсем, балки ба онҳо кўмак мерасонем! © Фукитид - муаррихи Юнони қадим
    0 комментариев
    0 классов
    Касе, ки дар кор ҷасур аст, аз сухан ҳарос надорад! © СОФОКЛ - Драматурги Юнони қадим
    0 комментариев
    1 класс
    Он қадар хуб бошед, ки бибахшед, аммо он қадар сода набошед, ки дубора эътимод кунед! Қадри лаҳзаҳоро бидонед! Замоне мерасад, ки дигар шумо наметавонед бигӯед: Ҷуброн мекунам. Аз касе, ки ба шумо дурӯғ гуфта напурсед: Чаро? Чун саъй мекунад бо дурӯғҳои пай дар пай шуморо қонеъ кунад! Ҳар чизе дар замон худаш рух медиҳад. Боғбон ҳатто боғашро ғарқи об ҳам кунад, дарахтон дар замони худ мева медиҳанд. Роҳи зиндагӣ набояд софу ҳамвор бошад вагарна хобамон мебурд! Пастиву баландиҳо неъмат бузурге ҳастанд. Ҳеҷ бӯсае ҷои захми забонро хуб намекунад! Пас муроқиби гуфторатон бошед. © (?)
    0 комментариев
    0 классов
    В чем разница между школой и жизнью? В школе, тебе сначала преподают урок, а потом заставляют пройти тест/испытание. В жизни – ты сначала проходишь через испытание, из которого должен вынести урок.
    0 комментариев
    2 класса
    Қиссаи "Қоидаи-99" Подшоҳе вазирашро пурсид : Чаро хизматгорон аз ман хушҳолтар ҳастанд? Дар ҳоле ки онҳо чизе надоранду ва ман бошам тамоми чизро дораму аммо хушҳол нестам Вазир гуфт : Яке аз хизматгоронатробо "Қоидаи-99" бисанҷ. Подшоҳ гуфт : Ин чигуна қоида ҳаст Вазир гуфт: Дар дохили ягон зарф 99-динор бигузор ва дар болои зарф 100-динор навишта карда онро шаб дар назди дари хонаи хизматгор бигузор ва бингар ки чи рух медиҳад . Подшоҳ ин гуфтаи вазирашро иҷро намуд. Ва чун шаб шуд зарфи динорро бурда дар назди дари хонаи хизматгор гузошта дарро куфту худ бирафт. Дар ин ҳолат хизматгор дарро боз карду ба ғайр аз зарф чизеро надид. Бечора хизматгор навистаҷоти болои зарфро хонда бисёр хушҳ
    0 комментариев
    2 класса
    Сангеву гиёҳе, ки дар он хосияте ҳаст, Аз одаме беҳ, ки аз он манфиате нест..!!! © (?)
    1 комментарий
    2 класса
  • Класс
  • Класс
Показать ещё