#ҚИССАҲО
Бадриддин Ҳилолӣ — Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»
Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» нуқтаи баландтарини эҷодиёти Бадриддин Ҳилолист. Мавзўи достон нав нест. Қиссаи Лайлӣ ва Маҷнун ҳанўз дар эҷодиёти шоирони асри X ёдрас шудааст. Ин қисса яке аз афсонаҳои маъмули мардуми араб буда, пас аз истилои арабҳо дар байни халқи мо паҳн мешавад. Бори аввал дар таърихи адабиёти тоҷику форс шоири асри XII Низомии Ганҷавӣ ин қиссаро ба риштаи назм даровардааст. Сониян, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Ҳилолӣ ва дигарон дар пайравии Низомӣ ва Амир Хусрав достонҳои худро иншо кардаанд. Мавзўи асосӣ ё сюжети қисса қариб дар ҳамаи достонҳо такрор меёбад. Тафовут баъзан дар эпизодҳо, характери қаҳрамонҳо ба назар мерасад. Мавзўи қисса ишқист. Ишқи фоҷиавии ду дилдода — Лайлӣ ва Маҷнун асоси достонҳоро ташкил медихад.
Бадриддин Ҳилолӣ низ ба адибони гузашта, махсусан, ба Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ пайравӣ карда, достонашро эҷод кардааст. Шоир дар хотимаи асар ба ин масъала ишорат намуда чунин мегўяд:
Буданд сегонаи замона,
Ҳар як ба ягонагӣ фасона…
Ман кистам аз шумори эшон,
Корам нарасад ба кори эшон.
Эй ман саги остони Ҷомӣ,
Хоки дари Хусраву Низомӣ.
Эшон бахранду ман саробам,
Эшон ганҷанду ман харобам.
Дорам ду-се гавҳаре парешон,
Он низ зи баҳру кони эшон.
Аз ин байтҳо ба хубӣ пайдост, ки шоир марди хоксору фурўтан будааст. Ў худашро дар назди устодони гузашта ҳеҷ мешуморад, Албатта, ин бузургии инсон аст. Аз тарафи дигар, ин байтҳо ба муқобили шоирони маддоҳи худбин, ки худро ягонаи даҳр ва аз ҳама шоирони гузашта муқаддамтар ва бузургтар мегузоштанд, равона карда шудаанд. Шоир ба ин восита онҳоро ба хоксорӣ ва фурўтанӣ даъват мекунад.
Сюжети достон. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» аз 1770 байт ва 34 боб иборат аст. Асар мисли достонҳои Низомию Амир Хусрав дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи махзуф (— V/ V — V -/ V —) суруда шудааст.
Сюжети мухтасари он чунин аст: «Мири араб писараш Қайси хурдсолро ба мактаб медиҳад. Дар ин мактаб бо Лайлӣ ном духтараки зебое, ки аз қабилаи дигар аст, вомехўрад. Онҳо бо ҳам унс гирифта муҳаббат пайдо мекунанд. Боре Қайс Лайлиро дида беҳуш шуда меафтад. Лайлӣ омада ўро ба ҳуш меорад. Пас аз ин қиссаи ишқу муҳаббати онҳо дар байни мактабиён овоза мегардад. Ин хабар ба гўши модари Лайлӣ мерасад ва ў духтарашро дигар ба мактаб рафтан намемонад. Қайс тағйир ёфта девонаавзоъ мешавад ва номи Маҷнунро ба ў мардум муносиб мебинад. Боре Маҷнун ба сурати гадоён даромада ба хонаи Лайлӣ меравад ва бо ў мулоқот мекунад. Сипас, мулоқоти ўро падараш манъ мекунад ва Маҷнун маҷбур мешавад, ки ба дашту ҳомун барояд ва дар фироқи Лайлӣ нола кунад. Падар барои овардани фарзанд саъю кўшиш мекунад ва бо маслиҳати пири хирадманд дар хонаи хоби Маҷнун сурати Лайлиро мегузорад. Пас Маҷнунро меорад. Ў чанд рўз дар хона меистад ва аз тамошои сурати Лайлӣ то андозае таскин меёбад. Аммо боз ў тоқат накарда, ихтиёри дашту ҳомун карда, бо ҷонварон ва ваҳшиён унс мегирад. Боре Лайлӣ ба мақсади зиёрати мазоре аз хона берун шуда, Маҷнунро ҷустуҷў мекунад ва ниҳоят ўро ёфта мулоқот мекунад. Пас аз ин ҳодиса падари Маҷнун рафта ўро ба хона меорад ва барои муолиҷа табиби ҳозиқеро даъват мекунад. Табиб мегўяд, ки ягона илоҷаш ҳамин аст, ки ба ў Лайлиро хостгорӣ кунед. Падар ба хонаи Лайлӣ меравад. Аммо волидайни Лайлӣ ҷавоби инкор медиҳанд ва мегўянд, ки Қайс девона аст. Ин хабарро ба воситаи доя Лайлӣ шунида эътироз баён мекунад ва мегўяд, ки ба ҷуз Маҷнун каси дигарро намехоҳад. Дар хақиқат, ҳангоме ки Ибни Салом барои писараш Лайлиро хостгорӣ мекунад, Лайлӣ ҷавоби рад медиҳад ва мегўяд, ки ба ҷуз Маҷнун каси дигар лозим нест.
Сардори қабила Навфал дар биёбон Маҷнунро дар ҳолати мадҳушӣ дида, ўро ба ҳуш меорад, парасторӣ мекунад ва ҳамаи саргузашти Маҷнунро аз ў мефаҳмад ва мехоҳад, ки барояш кўмак намояд. Барои ҳамин ба падари Лайлӣ мактуб навишта хоҳиш мекунад, ки бояд ин ду дилдода ба мурод расанд. Агар ҷавоби рад шавад, дар байни мо ҷанг ногузир ба вуқўъ меояд. Падари Лайлӣ қабул намекунад ва дар байни ин ду қабила ҷанг оғоз мегардад. Навфал ғалаба мекунад ва асирони зиёд мегирад. Дар байни асирон Лайлӣ ҳам ғанимат меафтад. Вале Маҷнун намехоҳад, ки бе ризояти падару модари Лайлӣ бо ў издивоҷ кунад. Пас аз ин Навфал Лайлӣ ва дигар асиронро ҷавоб медиҳад. Ҳангоме ки хешу табори Лайлӣ аз рафтори Маҷнун огоҳ мешаванд, муносибати онҳо ба Маҷнун тағйир меёбад. Падару модари Лайлӣ барои издивоҷи онҳо ризоят медиҳанд. Тўйи арўсӣ оғоз меёбад. Ҳар ду қабила дар ин рўзи хурсандӣ иштирок мекунанд. Вале дар охири тўй, ҳангоме ки арўсу домод ба якдигар вомехўранд, аз хурсандӣ шодимарг мешаванд. Тўй ба мотам табдил меёбад. Аз ин ҳодисаи фоҷиавӣ мардуми ҳар ду қабила, падару модари онҳо мутаассир гашта, ашки ҳасрат мерезанд. ҷасади онҳоро дар як қабр дафн мекунанд.
Ғояи асар. Тавре ки зикр кардем, мавзўи достон ситоиши ишқи поки инсонист. Ишқи номуроди ду дилдода — Лайлӣ ва Мачнун. Шоир ба ин восита нишон додааст, ки ҷомеа, ашхоси бефарҳанг ва урфу одатҳои аҷдодӣ имконият надоданд ин ду ҷавон, ки якдигарро дўст медоштанд ва бе якдигар зиндагӣ карда наметавонистанд, ба мурод расанд. Ишқу муҳаббат ва худи онҳоро ҷомеа буғӣ кард. Оре, зан дар ҳар як самти зиндагӣ бесадо, беҳуқуқ ва мазлум буд. Аммо шоир дар ин достон ба воситаи образҳои асар муносиба-ташро нисбат ба ин масъалаҳо баён карда, хотиррасон мекунад, ки инсон ва ишқи поки ўро таҳқир кардан нашояд. Ҳатто ҳайвоноти ваҳшӣ ба Маҷнун унс гирифта, дўстӣ карданд, вале ҷомеа ва афроди нолоиқ Қайсро таҳқир карда девона хонданд. Чунин ҳодисаҳо дар рўзгори пешин бисёр буданд. Аз ин ҷиҳат асари шоир дар асоси заминаҳои реалӣ ба вуҷуд омадааст.
Таҳлили нақшҳои асосии достон. Симои воқеии Лайлӣ бо бисёр хусусиятҳои худ аз Лайлиҳои достонҳои ҳамноми шоирони гузашта фарқ мекунад. Пеш аз ҳама, Лайлии Ҳилолӣ боақл, соҳибҷамол, бовафо, нотарс, қави-ирода ва дар роҳи мақсад устувор аст. Муҳаббати ў ба Маҷнун пок ва самимист. Ҳангоме ки ўро ба писари Ибни Салом доданӣ мешаванд, Лайлӣ норизогии худро ошкор баён мекунад ва мегўяд, ки ман танҳо Маҷнунро мехоҳам. Тўй қатъ мегардад, Ибни Салом баромада меравад:
«Аз зери ҳарамсарои гардун
Бар кас нарасам, магар ба Маҷнун…
Обу гили мо якест бо ҳам,
Ҷону дили мо якест бо ҳам.
Дар хона зи гуфтугўи он моҳ
Берун ҳама кас шуданд огоҳ.
Чун Ибни Салом з-он хабар ёфт,
Баргашту инони азм бартофт.
Аммо дар Низомӣ ва дигарон Лайлӣ фаъол нест ва мутеи дигарон аст. Дарди дилаш бисёр, вале ошкор гуфта наметавонад. Лайлӣ дар достони Ҳилолӣ нотарсу далер нишон дода шудааст. Ин далерию нотарсӣ барои муҳофизати ишқи пок, барои амалӣ гардидани нияту орзуҳои наҷиб аст. Ў ба Маҷнун хитоб карда мегўяд, ки биё, аз байни ин ҷамъият ишқи покамонро гирифта меравем. Дунё васеъ аст. Ба ҷое мерасем, ки ба ғайри мо каси дигаре набошад:
Бархез, ки гум кунем раҳро,
Чун бод ниҳем рў ба саҳро.
Бошем ба зери чархи даввор,
Ҷое, ки тиҳӣ бувад зи ағёр.
Сад сол агар зи пай шитобанд,
Ҳаргиз асаре зи мо наёбанд.
На дўст ба мо расад, на душман,
Ман бошаму ту, ту бошию ман!
Садоқату муҳаббати Лайлӣ нисбат ба Маҷнун чунон бузург аст, ки ба ҳар роҳу восита мехоҳад Маҷнунро бинад. Лаҳзае бошад ҳам, бо ў сўҳбат намояд. Барои ин бо баҳонаи зиёрати мазоре ба мулоқоти Маҷнун меравад ва ўро дар биёбон пайдо мекунад. Ба ин восита, агар аз як тараф, беҳуқуқӣ, зулму тааддии гурўҳи табақаи болои ҷомеаро нисбат ба зан нишон дода бошад, аз тарафи дигар, ў таъкид менамояд, ки зан дар ҳаёт бояд мавқеъ дошта бошад. Барои ишқи пок, амалӣ гардидани мақсаду маром ў бояд мубориза барад.
Ба қамин тариқ, шоир дар образи Лайлӣ хислатҳои беҳтарини занони Шарқро инъикос намудааст.
Маҷнун ҳам ишқи пок дорад ва дар садоқат устувор аст. Ҳангоме ки ўро падараш ба зиёрати Каъба мебарад, Маҷнун ба Каъба саҷда карда хоҳиш мекунад, ки ишқи Лайлиро дар дилаш устувортар кунад. Орзу менамояд, ки ба висоли маҳбубааш расад:
3-ошуфтагию ҷунун барошуфт,
Зад дасти дуо ба ҳалқаву гуфт:
«Ё раб, ки маро ба ғайри Лайлӣ
Ҳаргиз ба касе мабод майле!
Майле, ки ба ўст, беш бодо!
Ҳар лаҳза фузун зи пеш бодо!
Гўянд маро: «Зи ишқ бас кун!
Фориғ шаву тарки ин ҳавас кун!»
Ҷуз ишқ мабод дар замирам,
Ё раб, ки дар ин ҳавас бимирам!
Ё раб, ки маро ба кўи ў бар,
В-аз роҳи карам ба сўи ў бар.
Ҳангоме ки Лайлӣ ба Маҷнун гурехтанро таклиф мекунад, Маҷнун розӣ намешавад. Барои он розӣ намешавад, ки шарафу исмати Лайлӣ барояш аз ҳама муҳимтар аст. Намехоҳад, ки Лайлӣ бадном шавад:
Маҷнун гуфто: «Бале, фааммо,
Бадномии туст ин муаммо.
Тарсам, ки миёни ҷамъи авбош.
Ин кисса ба тўҳмате шавад фош.
Дар маъракаҳо фасона гардад.
Дар майкадаҳо тарона гардад.
Аз ин эпизод ва лаҳзаҳои дигари достон хислатҳои хирадмандӣ, дурандешӣ, покниятӣ ва содадилии Маҷнун ба хубӣ эҳсос мешавад. Вақте ки Навфал аз ишқи Маҷнун огоҳ мешавад, мехоҳад, ки ба ў дасти ёрӣ дароз кунад. Ҳамин тавр ҳам мешавад. Ў бар қабилаи Лайлӣ ғалаба мекунад. Аз рўи мантиқ бояд дилдодагон ба мурод мерасиданд. Вале Маҷнун ба Навфал ҷавоби рад медиҳад ва намехоҳад, ки бо зўрӣ ба висоли ёр расад. Шоир ба ин восита масъалаи одамиятро мегузорад. Ҳангоме ки падару модар ва қабилаи Лайлӣ огоҳ мешаванд, дар пеши одамияти Маҷнун сари таъзим хам мекунанд ва бо хоҳиши худ ба тўйи онҳо рухсат медиҳанд:
Он қавм ба ҷон шуданд мамнун
Гуфтанд: «Зиҳӣ вафои Маҷнун!
Он беҳ, ки вафо кунем бо ў,
То чанд ҷафо кунем бо ў?
Хотир ба салоҳи ў гуморем,
Лайлӣ ба никоҳи ў дарорем».
Ҳилолӣ ба воситаи образи Маҷнун хислатҳои гуманистӣ, поквиҷдонӣ, софдилӣ, вафодории одамони пешқадами ҷомеаро нишон додааст.
Дар достон Навфал образи мусбат тасвир ёфтааст. Навфал ҳам мехоҳад ба Маҷнун некӣ кунад ва дар ҳақиқат некӣ ҳам кард. Зеро ў бо вуҷуди мақому мартабааш ба дарди ишқ гирифтор буд. Аз ин рў, дарди Маҷнунро дуруст дарк кард:
Бо ин ҳама мулку сарфарозӣ,
Медошт саре ба ишқбозӣ.
Ишқи зи киёс дошт берун,
Ў низ чу Қайс буд маҷнун.
Аммо ў ҳам аз поктинатию инсондўстии Маҷнун моту мабҳут гашт. Падари Маҷнун ҳам нисбат ба фарзанди ҷигарбанд муҳаббати бепоён дорад. Ў мехоҳад ба фарзандаш бо кадом роҳе, ки бошад, ёрӣ расонад. Ба ҳоли Маҷнун дилаш месўзад. Ба назди хирадманд, табиб меравад, то ки фарзандашро аз ин «бало» наҷот диҳад. Ўро ба Каъба мебарад. Маҷбур мешавад, ки барои хостгорӣ ба хонаи падари Лайлӣ равад.
Падари Лайлӣ аз бисёр ҷиҳат мухолифи падари Маҷнун гузошта шудааст. Ў ба зан ҳамчун ба махлуқи паст нигоҳ мекунад. Аз ин ҷост, ки бар хилофи хоҳиши духтараш Лайлиро ба шахси доро, сарватманд доданӣ мешавад. Дар симои падару модари Лайлӣ шоир ашхоси мағруру худписанд, чизпараст ва волидайни бераҳму шафқатро ба қалам додааст. Чунин падару модарон расму оинҳои номатлубро асос карда, бахту саодат ва ояндаи фарзандони худро фикр намекунад.
Бадриддин Ҳилолӣ пеш аз навиштани достони худ «Лайлӣ ва Маҷнун»-ҳои зиёдеро омўхта, мутолиа карда ба хулосаҳои даркорӣ меояд. Аввалан, дар асараш эпизодҳои нав дохил намуда, ба ин восита характери Қаҳрамонҳои асосиро тақвият медиҳад. Махсусан, образи Лайлӣ бозёфти шоир аст. Ба воситаи образи Лайлӣ шоир муносибаташро ба зан нишон медиҳад. Дар симои Лайлӣ ақидаҳои пешқадами Ҳилолӣ ҷамъбаст гардидаанд. Аз ин рў, доир ба ин масъала адиб нисбат ба ҳамасрон ва шоирони гузашта қадами ҷиддӣ ба пеш гузоштааст.
Дуюмин хусусияти фарқкунандаи достон боз дар он аст, ки инсонпарварӣ, яъне масъалаи одамият бо тамоми хусусиёташ дар мадди аввал гузошта шудааст. Ин гуманизми Маҷнун аст. Маҷнун ишқи пок дорад. Дар роҳи ба мақсад расидан азобу машаққат мекашад, чора меҷўяд, вале одамиятро аз даст намедиҳад. Аз рўи ақлу хирад рафтор карда бо зўрй, бе ризоияти падару модари Лайлӣ ба мурод расиданро раво намебинад. Бо ҷангу хунрезӣ ба муҳаббат, ба васли ёр расиданро барои худ нанг мешуморад:
Васле, ки ба зўри ҷанг бошад,
Номест, ки ҷумла нанг бошад.
Бе майлу ризои қавми Лайлӣ,
Моро набувад ба васл майле…
Шоир бо ин таъкид менамояд, ки инсон дар кадом лаҳзаи душворе бошад, бояд аз рўи хирад, одамият рафтор кунад. Бешубҳа, кору амалиёти Маҷнун ба рафторҳои ношоиста, кибру ғурур, беандешагӣ, фисқу фуҷури ашхоси нолоиқи рўзгори шоир муқобил гузошта шудааст. Ба ин восита Ҳилолӣ онҳоро мазаммат намуда, дар зиндагӣ мисли Қайс шуданашонро талаб мекунад. Ҷанбаи тарбиявии образи Маҷнун басо бузург аст.
Ғайр аз ин достони Ҳилолӣ бо як сабку услуби равон иншо шудааст, ки ба хонандагони имрўза дастрасу фаҳмост. Аз ин ҷиҳат ҳам аз достонҳои ҳамноми адибони гузашта фарқ мекунад. Масалан, дар порчаи зер шоир дар бораи мактаб, таълиму тарбия бо як ҳиссиёти баланд сухан меронад. Ў мактабро ба «Бозорчаи диёри илм» ташбеҳ намуда, аҳамияти мактабро дар илмомўзӣ нишон медиҳад. Шахси бесаводро ба кўр, яъне ба шахсе, ки сиёҳиро аз сафедӣ фарқ карда наметавонад, монанд кардааст:
Мактаб сабаби виқору1 ҳилм2 аст,
Бозорчаи диёри илм аст.
Аз мактабу васфи ў чӣ пурсӣ,
К-он ҷо фалак асту лавҳу курсӣ3.
Эй тифл, зи илм баҳра бардор,
К-аз лавҳу қалам шавӣ хабардор.
Тифле, ки қалам гирифт дар даст,
Дасти ҳамаро ба чўби тар баст.
В-он кас, ки ба лавҳу хат напардохт,
Ҳаргиз сияҳ аз сафед нашнохт.
Шоир дар тасвири табиат, зебоиҳои он суханро ба ҳадди камол расонидааст. Масалан, адиби нозукадо дамидани субҳ, баромади Офтобро бисёр рангин ва ҷозибу дилкаш ба қалам додааст.
1Виқор - тамкин, савлату шукўҳ.
2Ҳилм - нармӣ, мулоиматӣ, хушодобӣ.
3Лавҳу курсй - лавҳаю тахтаи хатнависӣ.
Чун субҳ дарид пардаи шаб,
Пурғулгула шуд ҷаҳон чу мактаб.
В-ин луҷҷаи чархи лоҷувардӣ,
Аз мўҳраи зар гирифт зардӣ.
Чун аз дами субҳи оламоро,
Шуд меҳри нуҳуфта ошкоро.
3-ин меҳр, ки синасўз афтод,
Сад роз ба рўи рўз афтод.
Чун субҳ зи гардиши замона,
Пурнур шуд ин гиёҳхона.
Лайлисифат Офгоби гардун,
Омад зи сиёҳхона берун.
Рўзе, ки шуд Офтоби наврўз,
Дар олами хок оламафрўз.
Гулҳо ҳама сар заданд аз гил,
В-аз ханда кушуд ғунчаро дил.
Омад гулу тоза кард ҷонро,
Орост ба тозагӣ ҷаҳонро.
Дар ин порчаҳо шоир аз санъатҳои ташбеҳ, истиора, талмеҳ, таҷнис ва ғайра ба хубӣ истифода бурдааст. Дар банди аввал Ҳилолӣ таъкид менамояд, ки субҳ дамид, шаб нопадид гашт, олам аз шуои Офтоб равшан гардид, ҷаҳон пурғулғула, дар ҷўшу хурўш омад. Ин ба мисли саҳнаи мактаб, ки аз хандаю бозии шогирдон ҳамеша пурғулгула аст. Умуман, шоир аз тасвири табиат, санъатҳои бадеӣ барои кушодани моҳияти воқеаҳо, характери қаҳрамонҳои асараш бамаврид истифода бурдааст.