Роҳбандӣ дар Душанбе: кӯчаҳои марказии пойтахт чанд рӯз баста мешавад.

Сар аз 2 то 6 июлдар кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд мешавад.
Ба иттилои Раёсати БДА ВКД, бинобар ташриф овардани меҳмонони баландпоя роҳҳо масдуд мешаванд.
Тафсилоти роҳбандиро аз тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan бубинед.
  • Класс

Додугирифти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Чин афзуд.

Оҷонсии омори Тоҷикистон ҳиссаи савдои мутақобилаи Тоҷикистону Чинро дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 19,9% арзёбӣ кард.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ба маблағи $73 млн маҳсулот ба Чин фурӯхта, воридот бошад $348 млн ташкил дод.
  • Класс

Пеш агар қочоқбарон аз Украина сигор содир мекарданд, ҳоло украинҳоро. Ин кор фоидаи бештар меорад.

Аз сӯи хадамоти марзбонии Украина як микроавтобус муайян гардид, ки дар дохилаш макони махсус омода шудааст ва он ҷо мардҳои аз басиҷфироркарда пинҳон шудаанд.
Пеш чунин ҷойҳо барои қочоқи сигор ташкил шуда буданд.
00:32
қочоқ
301 просмотр
  • Класс

Сабаби сӯхтори бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун расиши ноқилҳои барқӣ будааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД расман хабар дода, гуфт, дар натиҷаи ҳодиса
зарари ҷисмонӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Гуфта мешавад, ки сӯхтори растаҳо ва нуқтаҳои савдоро масоҳати 2830 метри мураббаъро фаро гирифта, ҳаҷми зарар муаян хоҳад шуд.
  • Класс

Роналдуи 39-сола гуфт, ки чемпионати Аврупо дар Олмон охирин дар карерааш хоҳад буд

Португалиягӣ дар мусобиқоти Евро рекорд гузоштааст - аз соли 2004 инҷониб ягон мусобиқаро аз даст надодааст. Ва дар соли 2016 ӯ ва даста ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.
Рӯзи 5 июл тими Португалия дар даври чаҳорякниҳоӣ бо тими Фаронса бозӣ мекунад.
  • Класс

Раҳмон сарвазири Покистонро дар Қасри миллат пешвоз гирифт.

Ба хотири Шаҳбоз Шариф майдони Қасри миллат идона ороста шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Дар маросими истиқбол қаровули фахрӣ саф ороста буд, сурудҳои милли ду кишвар садо дод ва ҳамчунин бо ҳайатҳои ду ҷониб шиносоӣ сурат гирифт.
  • Класс
sputniktajikistan
Добавлено видео
  • Класс

Шаҳбоз Шариф бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Сарвазири Покистонро Далер Ҷумъа, вазири энержи ва захоири об бо дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ кард.
  • Класс

"Байден тамом шуд"

Такер Карлсон бовар дорад, ки аксари демократҳо эътироф мекунанд, ки раисиҷумҳури ИМА мағзи сараш осеб дидааст.
"Ӯро бояд канор зананд ва онҳо ин корро мекунанд. Ягона савол ин аст, ки кай. Агар фаҳм дошта бошанд, зуд ин корро мекунанд",- навиштааст рӯзноманигори амрикоӣ дар шабакаи иҷтимоӣ.
Карлсон мутмаин аст, ки Трамп ҳоло ғолиби эҳтимоли бештари интихоботи президентӣ аст.
Ягона чизе, ки вазъро печидатар мекунад, ин аст, ки алайҳи Трамп рӯзи 11 июл ҳукми додгоҳ эълон мешавад.
  • Класс
Показать ещё