Предыдущая публикация
Туро хоҳам як шаб, дар канорам,
Ба ҷуз васли ту, дармоне надорам.
,
Ман ошиқ ҳастаму, ошиқ ба рӯят.
Ҳаминчун ҳаст, дар даврон шиорам.
,
Маро бигзошти, эй ёри дерин,
Туро танҳо вале ман, кай гузорам.
,
Биё як лаҳзае, ҳамрози ман бош.
Мазан ханҷар, ба ин қалби фигорам.
,
Ба як тири нигоҳи, оташинат,
Аё дилбар, чунон карди шикорам.
,
Ту бо душман нишасти, лек аммо,
Вале ман беш зи ҷонат, дӯст дорам,
.
Шикасти қалби ман, боке надори,
Зи гиряҳову ашки, шашқаторам.
.
Биё бар кулбаи Мискин, аё моҳ,
Мабодо ман зи дурӣ, ҷон супорам.
.
Кароматулло САДИРОВ
Марҳаммат ба заметкаҳоям гузашта назари худро гуед.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев