Кохи Елисей дар баёнияе эълом кард, ки Эммануэл Макрон раисҷумҳури Фаронса дар тамоси телефонӣ бо Бенямин Нетаняҳу, аз нахуствазири режими саҳюнистӣ хост то аз ташдиди танишҳо ва вуқӯъи як ҷанги тамомаёр миёни ин режим ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ҷилавгирӣ кунад.
Дар ин баёния омадааст: Эммануэл Макрон нигаронии ҷиддии худро дар мавриди таъмиқи танишҳо байни Ҳизбуллоҳ ва (режими кӯдаккуши) Исроил ба иттилоъи Бенямин Нетаняҳу расонд ва бар лузуми ҷилавгирӣ аз вуқӯъи ҷанги тамомаёр, ки ба таври ҳамзамон ба манофеъи Лубнон ва режими саҳюнистӣ осеб хоҳад расонд, таъкид кард.
Бар асоси баёнияи Кохи Елисей, Макрон дар ин тамоси телефонӣ ҳамчунин лузуми иқдоми фаврии ҳамаи тарафҳо барои дастёбӣ ба як роҳи ҳал дипломатик барои поён додан ба ҷанг дар Ғаззаро ёдовар шуд.
Баёнияи Кохи Елисей меафзояд: Макрон ҳамчунин аз нахуствазири (режими палид ва ҷинояткори) Исроил хост то аз анҷоми ҳаргуна амалиёти ҷадид дар Ғазза дар наздикии Рафаҳ ё Хон Юнус худдорӣ кунад зеро ин ҳамалот фақат боиси афзоиши теъдоди куштаҳои ғайри низомии фаластинӣ ва ташдиди вазъияти инсонии фоҷиабори кунунӣ дар ин минтақа хоҳад шуд. https://tajikpress.com/2024/07/03/%d0%bb%d1%83%d0%b1%d0%bd%d0%be%d0%bd-%d2%b3%d0%b8%d0%b7%d0%b1%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be%d2%b3-%d0%bd%d0%b5%d1%82%d0%b0%d0%bd%d1%8f%d2%b3%d1%83-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев