96 рӯз аз ҷанг алайҳи мардуми мазлуми Ғазза мегузарад ва алорағми тадовуми ҷиноёти ҷангӣ ва ваҳшиёна алайҳи занон ва кӯдакон, акнун Фаластин пирӯзи қатъӣ ва ниҳоӣ дар набард алайҳи режими ҷинояткори саҳюнистӣ аст.
Бо баррасии раванди ҷанг дар Ғазза ба ин натиҷа мерасем, ки режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ бо тамоми ҷиноёте ки дар Фаластин муртакиб мешавад боз тавони пирӯзӣ дар ҷанги Ғаззаро надорад.
Ба эътиқоди коршиносони низомии худи саҳюнистҳо вуруди заминии артиши Исроил ба Навори Ғазза ҳамонанди вуруд дар ботлоқе будааст, ки имкони раҳоӣ ва хуруҷ аз он сахт ва душвор аст. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ он аст, ки худи коршиносон ва масъулини радаболои режими саҳюнистӣ ба адами нотавонии худ дар ҷанги Ғазза ва амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” эътироф карданд. Дар ҳамин замина нашрияи Ҳааретс дар матлабе таҳти унвони мо пирӯз нахоҳем шуд, ба таври аланӣ ба шикаст дар набарди Ғазза эътироф кардааст.
16 октябр шӯрои ҷанги Исроил аҳдофи ҷангро эълом кард, ки аз байн бурдани иқтидори Ҳамос ва нобудии таҷҳизоти низомии он, бардошташудани таҳдиди муқовимати исломии Ҳамос алайҳи Исроил аз Навори Ғазза ва талоши ҳаддиаксарӣ барои ҳалли мавзӯъи асирон ва ҳифозат аз марзҳои онҳо буд, ки акнун баъд аз гузашти 96 рӯз аз ҷанг шаҳрвандони исроилӣ шоҳиди онанд, ки ба ҳеҷ як аз ин аҳдоф нахоҳад расид. https://tajikpress.com/2024/01/10/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%82%d3%af%d1%84%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%b0%d0%bb-%d0%b0%d2%9b%d1%81%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1