Эй дило, ё оқилу фарзона шав,
Ё ки аз худ бехуду девона шав.
Ё ба худ о то шиносӣ хешро,
Ё бирав, аз хештан бегона шав.
Ё бикун парвоз бар сӯи камол,
Ё бимону пой дар завлона шав.
Эй дило, гар дӯст дорӣ дӯстро,
Ҷон гузору ҷониби ҷонона шав.
Ё кушо, "дар " бо умеди рӯи дӯст,
Ё чу девори каҷу вайрона шав.
Ё фурӯзон бош дар ишқаш чу шамъ,
Ё ба шамъи рӯи ӯ парвона шав.
Куфру динро, эй дило, яксӯ гузор ,
Баҳри ӯ аз дуи ин бегона шав.
Ё бишав чун остони даргаҳаш,
Ё бирав, з-ин хонаву бехона шав.
Ё биёву дӯстро содиқ бош ,
Ё ба сӯи масчиту бутхона шав.
Эй дило, ё шаҳд шав бар ҷоми мо,
Ё шароби ишқро паймона шав.
Ё Муродиро ба ҳарфаш гӯш кун,
Ё ки бар ганҷи хаташ дурдона шав.
(Муродии Хатлонӣ).24.02.2017.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6
Эй дило, ё оқилу фарзона шав,
Ё ки аз худ бехуду девона шав.
Ё ба худ о то шиносӣ хешро,
Ё бирав, аз хештан бегона шав.
Ё бикун парвоз бар сӯи камол,
Ё бимону пой дар завлона шав.
Эй дило, гар дӯст дорӣ дӯстро,
Ҷон гузору ҷониби ҷонона шав.
Ё кушо, "дар " бо умеди рӯи дӯст,
Ё чу девори каҷу вайрона шав.
Ё фурӯзон бош дар ишқаш чу шамъ,
Ё ба шамъи рӯи ӯ парвона шав.
Куфру динро, эй дило, яксӯ гузор ,
Баҳри ӯ аз дуи ин бегона шав.
Ё бишав чун остони даргаҳаш,
Ё бирав, з-ин хонаву бехона шав.
Ё биёву дӯстро содиқ бош ,
Ё ба сӯи масчиту бутхона шав.
Эй дило, ё шаҳд шав бар ҷоми мо,
Ё шароби ишқро паймона шав.
Ё Муродиро ба ҳарфаш гӯш кун,
Ё ки бар ганҷи хаташ дурдона шав.
(Муродии Хатлонӣ).24.02.2017.