Агар он туркиШерозӣ ба даст орад дили моро
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро. (ҲОФИЗ)
-
ДАР ПОСУХ СОИБ ЧУНИН МЕГУЯД:
Ҳар он кас чиз мебахшад,ба ҷони хеш мебахшад,
На чун Ҳофиз мебахшад Самарқанду Бухороро.
Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам сару дасту тану поро..
--
ШАҲРИЁР БА СОИБ ИН ПОСУХРО МЕФАРМОЯД:
Ҳар он кас чиз мебахшад,ба сони мард мебахшад,
На чун Соиб мебахшад сару дасту тану поро.
Сару дасту тану поро ба хоки гур мебахшанд,
На бар он турки Шерозӣ,ки ҷумла бурда дилхоро.
Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам,тамоми руху аҷзоро.
-----
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ ЧУНИН БАЁН МЕКУНАД.
Агар он турки Шерозӣ, ба даст орад дили моро,
Ба осонӣ фидо созам барояш қалби шайдоро.
Зи дастам барнамеояд, ки чун Ҳофиз бубахшоям,
Барои холи ҳиндуяш Самарқанду Бухороро.
Валекин ҳозирам, к-аз сидқ ба ишқаш бовафо бошам,
На чун Соиб, ки ӯ бахшад ,сару дасту тану поро.
Ҳар он кас чиз мебахшад ба дилдораш ба тарзи хеш,
Чиро бахшам, ки ҷуз ишқаш надорам чизи дунёро?
Набошад рӯҳу аҷзо ҳам, ба дасту ихтиёри кас,
Чи гуна Шаҳриҳриёр бахшид, тамоми рӯҳу аҷзоро?
Надорам шиква аз Ҳофиз, на аз Соибу Шаҳриёр,
Ки ҳар як бо равиши хеш бигуфтанд ин муамморо.
Бикардам саъй, то ман ҳам ба фаҳми худ занам чанге,
Бурун орам Муродивор чунин абёти зеборо.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 6.12.2020.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 58
Муродии хатлонӣ
Хеле оли
Намеарзад, ки бахшоям губори нохуни поро.
Агар Хофиз ту медиди чамоли духтари точик,
Барояш хадя мекарди тамоми руи дунёро.
Чамоли духтари точик якинан, ки Худодод аст,
Ва ман бахраш бубахшоям хама гулхои раъноро.
Агар бо чашми камбинаш ба суям як назар орад,
Фаромуш мекунам он лахза гулгашти мусаллоро.
Ало эй Хочаи Хофиз гумонам, ки пушаймони,
Аз оне, ки бубахшиди Самарканду Бухороро.
Ахсант !
Хак ба чониби шумост .
Руху чисмро сохиби аслиаш яьне офарандаву гирандааш Аллох (ч) аст.
Офарин устоди чавхарсухан!