Расида чашни зодрузам дилам гах шоду гах гамгин,
Намебахшад сурур асло диламро заррае таскин.
Хама фархунда мегуянд маро бо чашни милодам,
Зи чон хешону пайвандон ва дустони Худододам.
Вале хохад дили зорам ба сад орзуву армонам.
Маро табрик бинмоян садои модари чонам.
Надорам ман дигар гуё на иду чашни зодрузе,
Туро гум карда будам ман аё модар аз он рузе.
Агар фархунда мегуяд маро ёри вафодорам,
Чигарбандону пайвандон ва хам дустони гамхорам.
Вале модар намегирад касе чои туро имруз,
Навозишхои пурмехру суханхои туро имруз.
Чи мешуд ки дар ин рузам ба бар эй модарам боши,
Ба рузи чашни зодрузам маро болу парам боши.
Дилам хохад ки ту бо мехр ба лафзи соддаву ширин.
Бигуи"Чашни милодат муборак бод "...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев