🔸 Матни пурсиш:
Мехостам назари Мансури Ҳошимии Хуросониро дар бораи сабби саҳоба ва мудирони бархӣ шабакаҳои моҳвораии шиъӣ ки ошкоро ба саҳоба иҳонат мекунанд, бидонам. Бо ташаккур
🔸 Матни посух:
Назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар ин бора, дар мабҳаси «Лузуми эҳтиром ба асҳоби Паёмбар» аз китоби арзишманди «Бозгашт ба Ислом», бо такя бар манобеъи яқинӣ ва муштарак миёни мусалмонон табйин шудааст. Ба мувҷиби ин назар ва бино бар бархӣ дарсҳои эшон, сабби ҳеч як аз саҳоба ҷойиз нест ва ҳар кас ба онҳо тавҳин кунад, гуноҳкор аст ва агар бар тавҳин ба онҳо исрор дошта бошад, фосиқ аст ва агар илова бар исрор, таҷоҳур ба он дошта бошад, ба наҳве ки миёни мусалмонон душманӣ ва кина бияндозад, баъид нест ки аз муфсидони дар замин бошанд ва ҷазои муфсидон дар замин, ҳаргоҳ ба имом ирҷоъ дода шаванд, маълум аст.
Вонгаҳе ҳамон тавр ки сабби ҳеч як аз саҳоба ҷойиз нест, лаъни ҳеч як аз Муҳоҷирон ва Ансор ки қабл аз фатҳи Макка ислом овардаанд низ ҷойиз нест, агарчи аз касоне бошанд ки баъд аз...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1188/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев