بسم الله الرحمن الرحیم
انا لله و انا الیه راجعون
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун
Миллати азизи Эрон!
Раҳбари шуҷоъ ва муҷоҳиди барҷастаи фаластинӣ ҷаноби оқои Исмоил Ҳания дар саҳаргоҳи дишаб ба лиқоуллоҳ пайваст ва ҷабҳаи азими муқовимат азодор шуд. Режими саҳюнии ҷинояткор ва террорист меҳмони азизи моро дар хонаи мо ба шаҳодат расонд ва моро доғдор кард, вале заминаи муҷозоти сахт барои худро низ фароҳам сохт.
Шаҳид Ҳания солҳо ҷони гиромиашро дар майдони муборизаи шарофатмандона бар сари даст гирифта ва омодаи шаҳодат буд ва фарзандону касони худро дар ин роҳ тақдим карда буд.
Ӯ аз шаҳид шудан дар роҳи Худо ва наҷоти бандагони Худо бок надошт, вале мо дар ин ҳодисаи талху сахт, ки дар ҳарими Ҷумҳурии Исломӣ иттифоқ афтодааст, хунхоҳии ӯро вазифаи худ медонем.
Инҷониб ба уммати исломӣ, ба ҷабҳаи муқовимат, ба миллати шуҷоъ ва сарафрози Фаластин ва ба хусус ба хонадону бозмондагони шаҳид Ҳания ва яке аз ҳамроҳонаш, ки бо вай ба шаҳодат расидааст, таслият арз мекунам ва улувви дараҷоти ононро аз Худованди Мутаол масъалат менамоям.
Сайид Алии Хоманаӣ
10 мурдодмоҳи 1403 ҳ.ш. мутобиқ бо 25 муҳаррами 1446 ҳ.қ.
(31/07/2024)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев